Қодиров гуфт, омодаам барои Путин ҷон бидиҳам

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкРамзан Қодиров. Акс аз бойгонӣ
Рамзан Қодиров. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров изҳор дошт, ки аз раиси ҷумҳури Русия барои қадрдонӣ ва арзёбии “хидмати хоксоронааш” “беандоза сипосгузор аст” ва куллияи талошҳо барои сулҳу субот дар Чеченистон ба Путин мансуб аст.

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Раҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров изҳор дошт, ки ҳамтои содиқи раиси ҷумҳури ФР Владимир Путин мебошад ва омода аст ҷонашро барои раҳбари Русия нисор кунад, менависад РИА Новости.

Путин рӯзи душанбе Қодировро бо ордени Шараф (Почёт) сарфароз гардонд.

"Барои комёбиҳои меҳнатӣ, фаъолияти пурсамари ҷамъиятӣ ва кори чандинсолаи пурзаҳмат… Раҳбари Ҷумҳурии Чеченистон Қодиров Рамзан Аҳмадович бо ордени Шараф сарфароз карда шавад", — омадааст дар санад.

Қодиров рӯзи сешанбе дар сафҳаи худ дар Instagram навиштааст, ки ба раиси ҷумҳури Русия "барои хидмати хоксоронааш" ва сарфароз карданаш бо ин ҷоизаи пуршараф "беандоза сипосгузор аст".

Страница в Instagram Рамзана Кадырова
Страница в Instagram Рамзана Кадырова - Sputnik Тоҷикистон
Страница в Instagram Рамзана Кадырова

Вай зикр кардааст, ки куллияи дастовардҳо барои сулҳу субот дар Ҷумҳурии Чеченистон заҳматҳои Путин аст ва кӯмакҳову талошҳои вай имкон доданд, ки дар кишвар сулҳ барқарор ва иқтисодиёту фарҳанг ва маънавият эҳё шаванд.

"Мо танҳо сарбозони раиси ҷумҳури Русия ҳастем! Ман ҳамеша ба Владимир Владимирович барои хидматҳое, ки шахсан барои ман ва миллатам кардааст, сипосгузор ҳастам. Ман барои умрбод новобаста аз он, ки вай раиси ҷумҳур аст ё на, ҳамтои содиқаш боқӣ мемонам. Ҷон додан барои ин хел фард — вазифаи оддитарин аст. Қавл медиҳам, ки ҳар фармони ӯро иҷро мекунам, ҳар дастури ӯро новобаста аз душвориаш иҷро мекунам, ҳатто бар ивази чизе ки бароям набошад!" — навиштааст Қодиров.

Қодиров дар мубориза бо гурӯҳҳои тахрибкор, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Чеченистон амал мекунанд, фаъол аст ва ба ин тартиб дар ташдиди амнияти он саҳм мегузорад.

Дар авосити моҳи март Қодиров тавассути музокироти телефонӣ "амири қисмати водигии Чеченистон" Зелимхан Магомадовро, ки тибқи иттилоъи маъмурони интизомӣ ба сӯйиқасд нисбати раҳбари ҷумҳурӣ омодагӣ дошт, ба таслимшавӣ водор кард. Вай ҳамчунин ҷангиёни дигареро, ки дар бешазор паноҳ бурда буданд, даъват кард, ки аз Магомедов ибрат бигиранд: силоҳро таслим карда ҳамкорӣ бо ниҳодҳои интизомиро оғоз кунанд.

Ҳамчунин, Қодиров борҳо аз зодагони ин ҷумҳурӣ, ки дар амалиёти низомиёни Украина алайҳи сокинони Донбасс мушорикат мекунанд, даъват кард, ки аз ин кори худ даст бикашанд ва ба хонаҳои худ баргарданд.

Қаблан Рамзан Қодиров бо унвони Қаҳрамони Русия сарфароз шуда буд. Вай ҳамчун ҷоизадори ордени "Мардонагӣ" буда ва бо нишони "Барои хидматҳо дар назди Ватан" дараҷаи 4 сарфароз шудааст. Раҳбари Чеченистон ҳамчунин ду даъфа бо ордени "Барои намуна дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ" сарфароз шудааст.

Лентаи хабарҳо
0