Президенти Русия ба саволҳои сокинон мустақим ҷавоб медиҳад

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкРаиси ҷумҳури ФР В. Путин. Акс аз бойгонӣ
Раиси ҷумҳури ФР В. Путин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бештаре аз суолоти сокинони Русия ба раҳбари кишвар тибқи омор ба масоили ҳифзи иҷтимоӣ рабт доран, сипас масоили манзил ва дар ҷойгоҳи севвум сиёсати хориҷӣ ва дохилӣ қарор доранд.

ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин имрӯз тибқи маъмул бо сокинони кишвар мустақиман сӯҳбат мекунад, хабар медиҳад РИА Новости.

Интихоби суолот як ҳафта қабл оғоз шуд, хоҳишмандон метавонистанд ба раҳбари кишвар бо телефон, почтаи электронӣ муроҷиат кунанд ва ё саволи худро ба сомонаи вижа ирсол кунанд. Аз муроҷиатҳои бешумор, ки барои имрӯз интихоб шудаанд, қисмати бештари суолот ба масоили иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, масоили манзил ва вазъият дар ҷаҳон, аз ҷумла ҳаводиси Украина рабт доранд.

"Соҳибкорони шаклҳои кӯчак ва муттавасити тиҷорат, кишоварзони хусусӣ умдатан ба масоили ивази маҳсулоти хориҷӣ ба тавлидоти дохилӣ тавваҷӯҳ доранд", — хабар дод сухангӯйи раиси ҷумҳур Дмитрий Песков.

Таҷрубаи баргузории муколамаи телевизионии раҳбари Русия бо сокинон ба навҳаи мустақим аллакай тӯли 14 сол маъмулӣ шудааст, нахустин "сӯҳбати мустақим" 24 декабри соли 2001 баргузор шуда буд. Аз ҳама бештар муколамаи телевизионии Владимир Путин бо сокинон соли 2013 сурат гирифт ва он замон вай ба суолот дар тӯли 4 соату 47 дақиқа посух гуфт.

Маросими ахир 17 апрели соли 2014 баргузор шуд ва он ҳудуди 4 соъат идома дошт ва дар ин муддат раҳбари Русия ба 81 савол посух дод, ки 35 савол ба ҳаводиси Қрим ва Украина рабт дошт.

Ба иттилоъи маркази матбӯъотии раиси ҷумҳур, барои рӯзи чаҳоршанбе унвонии Путин ҳудуди 1,2 миллион зангҳои телефонӣ, 24 ҳазор ММС, 285 ҳазор пайёмакҳо, 6,5 ҳазор муроҷиатҳои видеоӣ ва ҳудуди 190 ҳазор номаҳои электронӣ ворид шудаанд. Имкони додани савол ба раҳбари кишвар дар бораи масоили мубрам ҳамчунин ба тамошочиён дар студияе, ки дар он ҷо "муколамаи мустақим" сурат мегирад ва ҳангоми пайвастшавӣ бо шаҳрҳои мухталифи Русия фароҳам карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0