Амалиёти ошкорсозии муҳоҷирони ғайриқонунӣ. Акс аз бойгонӣ

Баъд аз пайвастан ба ИИА муҳоҷирини қирғиз аз санҷишҳо озод намешавнад

3
Дар миёни имтиёзоте, ки муҳоҷирони корӣ аз Қирғизистон баъд аз пайвастани кишварашон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дарёфт мекунанд, озодшавӣ аз супоридани санҷиши донистани забони русӣ пешбинӣ нашудааст.

ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Барои муҳоҷирини қирғиз санҷиши донистани забони русӣ баъд аз пайвастани Қирғизистон ба ИИА лағв намешавад, менависад хабаргузории "Кабар" бо истинод ба мудири бахши санҷиши Донишгоҳи муштараки Қирғизистону Русия Марина Родова.

Зимни шарҳи шоеъот дар бораи он, ки гӯиё баъд аз пайвастани кишвар ба ИИА муҳоҷирони кории қирғиз санҷиши донистани забони русӣ, қонунгузорӣ ва таърихи ФР озод мешаванд, Родова гуфт, ки тасвиби ин санад танҳо имтиёзҳои иқтисодӣ медиҳад, вале ин амр ба донистани забон асаре надорад.

"Ҳамаи корфармоён санади донистани забонро тақозо мекунанд", — гуфт Родова.

Вай ҳамчунин изофа кард, ки маркази санҷишии ин донишгоҳ хоҳишмандони сафар ба Русияро омода ва имтиҳон мекунад. Баъд аз супоридани муваффақи санҷиш марказ санади расмӣ медиҳад.

3
Барчаспҳо:
санҷиши забони русӣ, Донишгоҳи муштараки Қирғизистону Русия, Марина Родова, Русия, Қирғизистон
Мавзуъ
Нигаронии маскавиҳо аз муҳоҷират, ҷиноёти қавмӣ ва кисабурон
Расонаҳо: идораи муҳоҷират ва зиддимухадироти Русия лағв мешаванд
Созмони муҳоҷират: мизони бекорӣ солҳои наздик афзоиш меёбад
Дар Русия қоидаҳои нави муҳоҷират ҷорӣ шуданд