Вазорати адлияи Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Вазорати адлия: муроҷиати ҲНИТ ғаразнок аст

9
(Таҷдидшуда 10:25 16.07.2015)
Вазорати адлияи Тоҷикистон бо нашри изҳороте шикоятҳои ҲНИТ-ро беасос ва хориҷшавии аъзои онро воқеӣ арзёбӣ кардааст.

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Вазорати адлияи Тоҷикистон бо нашри изҳороте муроҷиати Ҳизби наҳзати исломӣ ба Созмони Милали Муттаҳид ва давлатҳои кафили сулҳи тоҷикон барои дахолат ба вазъи кунунии кишварро "ғаразнок" хондааст, менависад хабаргузории "Озодагон".

Анҷумани ҲНИТ. Акс аз бойгонӣ
Официальная страница ПИВТ в Facebook

"Бо мақсади дастрасӣ ба ғаразҳои хеш ҲНИТ зери шиори ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ба як қатор давлату созмонҳои байналмилалӣ "барои мудохила ба вазъияти Тоҷикистон" муроҷиат намудааст", — омадааст дар изҳороти вазорати адлия.

Бино бар таъйиди масъулини ин вазорат, ҳоло тамоми аҳзоби сиёсии кишвар дар фазои ҳуқуқӣ фаъолият дошта, ҳар масъалае, ки пеш меояд, бояд дар доираи қонугузории амалкунанда ҳаллу фасл шавад.

"Ягон давлат ва ё созмонҳои байналмилалӣ ҳуқуқи мудохила ба масъалаҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро надоранд", — таъкид шудааст дар изҳорот.

Ба қавли муаллифони изҳорот, ҲНИТ дар ҳоле зери "шиори ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ" ба ҷомеаи байналмилалӣ шикоят бурда, барои дахолат муроҷиат кардааст, ки гӯиё ҳоло "баъзе давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ "бо мақсади ҳифзи ҳуқуқи инсон" истиқлолияти давлатиро сарфи назар карда, ба масъалаҳои дохилии давлатҳои соҳибистиқлол мудохила менамоянд ва натиҷаи чунин иқдомотро мо дар мисоли давлатҳои араб ва баъзе давлатҳои дигар мушоҳида менамоем".

Масъулини Вазорати адлияи Тоҷикистон дар идома ҲНИТ-ро ба таблиғоти ғайриқонунии динӣ муттаҳам карда, таъкид кардаанд, ки ин ҳизб бо вуҷуди он ки ба сифати ҳизби характери динӣ дошта фаъолият менамояд, ташкилоти динӣ нест ва ҳаққи анҷоми фаъолияти диниро надорад.

"Вале ҲНИТ ба қонуншиканӣ дар ин самт роҳ дода, ғайриқонунӣ расму ойин ва маросимҳои динӣ, таблиғоти оммавии диниро анҷом медиҳад, ки боиси чораҳои эътиноии мақомоти давлатӣ гашта истодааст", — омадааст дар изҳорот.

Вазорати адлияи кишвар аз он ибрози норозигӣ кардааст, ки гӯиё ҲНИТ боре ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон мамнуъ дар Тоҷикистонро маҳкум накарда, мавқеии худ алайҳи созмони террористии маъруф ба ДИИШ-ро равшан накардааст. Дар изҳорот тамоми муроҷиату шикоятҳои ҲНИТ аз мақомоти давлатии Тоҷикистон "туҳмат" хонда шуда, таъкид гардидааст, агар мақсади ҲНИТ ифшои камбуди ҳукумати Тоҷикистон мебуд бояд таҳлилҳои воқеии иқтисодиву иҷтимоии кишварро пешниҳод менамуд.

"Аммо мақсади ҲНИТ на дар пешниҳоди таҳлили воқеӣ, балки бо ҳар роҳ паст задани давлат ва барангехтани низоъ миёни ҷомеа мебошад", — навиштаанд масъулини вазорат.

Вазорати мегӯяд, қарори ахири Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар мавриди он ки тамоми аризаҳои беруншавӣ аз саффи ҳизб ва барҳам додани бахшҳои он дар шаҳру навоҳии кишвар, ки таҳти фишор навишта шудаанд, беэътибор дониста мешавад, зидди Сарқонуни кишвар хондаанд.

"Вақтҳои охир ба Вазорати адлияи Тоҷикистон нусхаи қарорҳои сохторҳои маҳаллии ҲНИТ оид ба қатъи фаъолияти онҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ворид мегарданд, ки нусхаи асосии он ба Раёсати Олии ҲНИТ ирсол гардида, аъзоёни ҳизб аз ҲНИТ баромада истодаанд. Бо вуҷуди ин Раёсати Олии ҲНИТ ин санадҳоро бо баҳонаи "зери фишор қабулгардида" эътироф накарда, аризаи аъзоёни ҳизбро, ки хоҳиши хориҷ шудан аз онро доранд, бе баррасӣ мондааст. Ин амали ҲНИТ ба моддаи 28 Конститутсия зид мебошад, ки тибқи он шаҳрванд ҳақ дорад ихтиёран ба ҳизбҳои сиёсӣ дохил ва аз онҳо хориҷ гардад. Илова бар ин воқеияти мазкур хилофи талаботи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ" ва сархати аввали банди 2.4 Оинномаи ҲНИТ низ ҳастанд", — омадааст дар изҳорот.

Ин дар ҳолест, ки қаблан 12 қумандони собиқи ИНОТ бо шумули генерали феълии мақомоти умури дохилӣ, Шоҳ Искандаров низ дар робита ба муроҷиати ҲНИТ изҳорот дода, онро маҳкум карданд. Қумандонҳои пешини ИНОТ ҲНИТ-ро дар ҳаводиси солҳои 90-уми Тоҷикистон айбдор карда, хостори қатъи фаъолияти ягона ҳизби сиёсии расмии динӣ дар Осиёи Марказӣ шуданд: "Вақти он расидааст, ки фаъолиятатонро қатъ кунед. Ин беҳтарин хизмати Шумо барои ҳамдиёрон хоҳад буд". Зери ин изҳорот аз ҷумла Ризвонов Зайниддин Ҷонмаҳмадович, муовини фармондеҳи қушунҳои хушкигарди ҚМ ҶТ, генерал майор Искандарзода Муҳаммадшоҳ Амиршоҳ, Сардори шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Турсунзода, полковник Абдуллоев Маҳмадӣ Ҳусейнович, Сардори шуъбаи Раёсати ақибгоҳи Вазорати мудофиаи ҶТ ҷамъ 12 нафар имзо гузоштаанд.

9
Барчаспҳо:
созмонҳои хориҷӣ, беасос, изҳорот, муроҷиат, Вазорати адлия, ҲНИТ, Душанбе
Мавзуҳо:
ҲНИТ дар “гирдоб”-и сиёсат (31)