Плакат бахшида ба таҷлили Рӯзи Сарқонун дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Матни тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни ҶТ баъди 3 рӯз нашр мешавад

49
(Таҷдидшуда 12:12 12.02.2016)
Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон санаи баргузории референдум ё ҳамапурсӣ барои ислоҳи “Қонуни асосӣ”-ро дар кишвар эълон кард.

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон  22 майи соли ҷориро рӯзи баргузории раъйпурсӣ барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ эълон кард, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии палатаи поёнии парлумон.

Дар рӯзи раъйпурсии умумимиллӣ ба интихобкунандагон ба суоли "Оё Шумо тағйиру иловаҳоро ба Қонуни асосӣ қабул мекунед?" муроҷиат хоҳад шуд.

Чанде қабл дар иҷлоси навбатии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии Тоҷикистон, ки дар раъйпурсии умумихалқӣ гузошта мешаванд, баррасӣ шуда буд.

Додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон рӯзи 4 феврал пешниҳоди парлумонро дар бораи "мувофиқати тарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ" баррасӣ карда ва онро ба қонунҳои кишвар созгор донист.

Матни лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсия дар се рӯзи оянда дар нашрияҳои расмии Тоҷикистон нашр хоҳад шуд.

Конститутсия (Сарқонун)-и Тоҷикистон соли соли 1994 қабул шуда, ба он ду маротиба дар солҳои 1999 (баъди истиқрори сулҳ) ва соли 2003 тағйиру иловаҳо ворид кардаанд. 

49
Барчаспҳо:
тағйирот ба Сарқонун, райъпурсӣ, ислоҳот, референдум, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, Додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагон, Тоҷикистон