Эмомали Раҳмон. Акс аз бойгонӣ

Раҳмон: СҲШ “механизм”-и ҳақиқии ҳамкории минтақавӣ гардидааст

29
(Таҷдидшуда 19:17 29.04.2016)
Раисҷумҳури Тоҷикистон қайд намуд, ки масъалаҳои терроризм, экстремизми байналмиллалӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамкории ҳамоҳанги чанд кишварро талаб мекунад.

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Созмони Ҳамкории Шанхай дар ҳақиқат ҳам созмони муносибатҳои гуногунҷанбаи минтақавӣ гардидааст, мегӯяд РИА Новости аз суханронии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми XI-уми СҲШ.

Ба гуфти президент масъалаҳои мубориза алайҳи таҳдидҳои муосири ҷаҳонӣ ҳамкориҳои якҷояи давлатҳоро талаб мекунад. Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни ҷаласаро ба пешниҳоди ақидаҳои нав ва тавсияҳои ҷадид дар бартараф намудани хавфи терроризм ва экстремизм даъват кард.

Коршиносон қайд менамоянд, ки авзоъи Осиёи Марказӣ ноором шуда, таҳдиди терроризм дар ин минтақа афзоиш ёфтааст.

"Дар ояндаи наздик хавфи  "Давлати Исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) афзоиш меёбад, чунки ҷангиёни ин гурӯҳи тундрав ақидаҳои террористиро аз Ховари Миёна ба мамлакатҳои СҲШ паҳн мекунанд",-гуфт  аъзои роҳбарияти Маркази тадқиқотии СҲШ дар Чин Дэн Сяосин.

Ба назари ӯ созмон бояд ҳамкориро дар масоили ҳифзи амнияти марзӣ тақвият диҳад.

"Айни замон ҳамкорӣ дар соҳаи амният қувваи худро ба тамринҳои омӯзишии зидди терроризм равона крдааст. Аммо мо бояд ҳамкориро дар соҳаи ҳарбӣ таҳким бахшем ва ҳамчунин рӯйхати умумии террористонеро, ки дар Ховари Миёна фаъоланд ташкил дода, алайҳи рушди гурӯҳҳои радикалӣ, терроризм ва экстреимизм ба воситаи шабакаи ҷаҳонии Интернет мубориза барем",-қайд кар ӯ ва пешниҳод намуд, то тамринҳои омӯзишии зидди терроризм ташкил ва густариш ёбанд.

Роҳбари Маркази тадқиқотии ВКД Тоҷикистон Сӯҳроб Қаландаров  таҳкими ҳамкории ҳимояи марзиро барои ҷилавгирӣ аз рушди терроризму экстермизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, дар баробари ин ташкили мубодилаи босуръати маълумот байни шӯъбаҳои дахлдорро зарурӣ мешуморад.

"Зарур аст, ки қонунгузориҳои давлатҳои аъзои СҲШ муносиб гардонида шавад, чунки баъзе аз ифротгароён метавонанд худро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дар кишварҳо созмон пинҳон кунанд",-изҳор дошт ӯ.

Дар Форуми XI —уми СҲШ зиёда аз 120 намояндагон ва коршиносон, аз ҷумла таҳлилгарони  Марказҳои миллии тадқиқотии СҲШ, намояндагони марказҳои илмии кишварҳои нозир ва шарикони созмон иштирок менамоянд. Форуми қаблӣ моҳи майи соли 2015 дар Ханти-Мансийски Русия доир гардида буд.

СҲШ-ташкилоти байналмиллалӣ буда, соли 2011 аз ҷониби сарони кишварҳои Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон таъсис ёфтааст. Белорус, Муғулистон, Ҳиндустон, Покистон ва Афғонистон мақоми нозири созмонро дороанд. Кишварҳои шарик-Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка мебошанд.

 

 

 

29
Барчаспҳо:
Форум, пешниҳод, ҳамкорӣ, баррасӣ, ҷаласа, СҲШ, Сӯҳроб Қаландаров, Дэн Сяосин, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Шӯрои кории Русия ва Тоҷикистон ҳамкориҳои иқтисодиро тақвият мебахшад (13)
Мавзуъ
Раҳбарони СПАД, СҲШ ва ИДМ терроризм ва муҳоҷиратро баррасӣ карданд