Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ

Президенти Тоҷикистон рамзи ҷашни истиқлолиятро тасдиқ кард

19
Бино ба иттилои хадамоти матбуотии сарвари давлат, раисҷумҳури Тоҷикистон ангораи ҷашни истиқлолиятро, ки аз ҷониби Академияи мусаввирии кишвар пешниҳод гардидааст, тасдиқ кард.

 

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи 25-умин солгарди истиқлолияти давлатиро тасдиқ намуд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии роҳбари давлат.

Гуфта мешавад, ки ангораи мазкур ба таври васеъ метавонад ҳамчун рамзи 25-солагии истиқлолияти давлатӣ истифода шавад.

Эмблема 25-летия государственной независимости Таджикистана
Сайт президента Таджикистана
Рамзи 25-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамчунин қайд мегардад, ки ангораи мазкур барои корбарӣ ва мавриди истифода қарор додан ба вазорату кумитаҳо, идораҳо, ширкату иттиҳодияҳо, корхонаҳо, бонкҳои саҳомӣ, рӯзномаи расмӣ, ташкилоту муассисаҳо,ҷамъиятҳо, иттифоқҳо, мактабҳои олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилотҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе пешниҳод мегардад.

Ҷашни истиқлолият ҳамасола 9-уми сентябр қайд мешавад.

Қаблан хабар дода шуд, ки бахшида ба 25-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ дар саросари ҷумҳурӣ  бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон озмуни "Суруди Ватан" баргузор мегардад.

 

 

19
Барчаспҳо:
рамзи истиқлолият, Истиқлолият, 9 сентябр, Тоҷикистон
Мавзуъ
Эълони озмуни “Суруди Ватан” дар Тоҷикистон