Майдони истиқлолият дар Ӯзбакистон. Акс аз бойгонӣ

Интихоби президентӣ дар Ӯзбакистон санаи 4-уми декабр баргузор мегардад

68
(Таҷдидшуда 11:34 12.09.2016)
Мувофиқи қонунгузории ҷумҳурӣ, роҳбари нави кишвар дар муддати се моҳ пас аз сари ҳукумат рафтани президенти собиқ, интихоб мешавад.

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Рӯзҳои аввали моҳи декабр дар Ӯзбакистон интихоботи президентӣ баргузор мегардад. Санаи овоздиҳӣ аллакай маълум аст- 4-уми декабр.

"Мувофиқи қарори Комиссияи марказии интихоботии Ӯзбакистон ва мувафиқи моддаҳои сарқонуни кишвар ва қонунҳо дар бораи интихоби президенти Ҷумҳурии Ӯзбакистон, рӯзи интихоботи президенти Ӯзбакистон санаи 4-уми декабр муайян карда шавад",- эълон намуд раиси Кумитаи марказии интихоботӣ Мирзо-Улуғбек Абдусаломов.

Аввалин президенти Ӯзбакистон сани 2-юми сентябр дар синни 78-солагӣ аз олам даргузашт. Ӯ дар зодгоҳи худ- шаҳри Самарқанд тибқи оинҳои мусалмонӣ ба хок супорида шуд.

Мувофиқи сарқонуни ҷумҳурӣ, ҳангоми вазифаи худро иҷро карда натавонистани президенти амалкунандаи Ӯзбакистон, вазифа ва салоҳияти вай муваққатан ба ба зиммаи раиси палатаи болоии парламент гузошта шуда, дар давоми се моҳ  интихоботи президентӣ гузаронида мешавад.

Сарвазири Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёев муваққатан иҷрокунандаи вазифаи президенти кишвар тасдиқ гардид. Раиси палатаи болои Неъматулло Юлдошев  аз ин вазифа ихтиёран даст кашид.

 

68
Барчаспҳо:
Санаи интихоботи президентӣ дар Ӯзбакистон муайян шуд, Ӯзбакистон
Мавзуъ
Шавкат Мирзиёев президенти муваққатии Узбакистон таъин гардид