Шавкат Мирзиёев. Акс аз бойгонӣ

Ҷаласаи ҷашнии ИДМ бе иштироки Шавкат Мирзиёев баргузор мешавад

20
(Таҷдидшуда 13:10 15.09.2016)
Аз номи Ӯзбакистон ба иҷлосияи сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Бишкек вазири корҳои хориҷии Ӯзбакистон Абдулазиз Комилов меояд.

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Дар иҷлосияи ИДМ дар Бишкек ба ҷойи президенти мкваққатии Ӯзакистон Шавкат Мирзиёв кишварро вазири корҳои хориҷӣ Абулазиз Комилов намояндагӣ мекунад, хабар медиҳад муовини дастгоҳи перзиденти Қирғизистон Сафар Исоқов.

Иҷлосияи шӯрои сарони кишварҳои ИДМ санаи 16-уми сентябр дар маҷмааи давлатии "Ала- Арча"-и назди перзиденти Қирғизисмтон Алмосбек Отамбоев баргузор мешавад.

"Ӯзбакистонро вазири корҳои хориҷии кишвар Абдулазиз Комилов намояндагӣ мекунад. Имрӯз мо аз номи Шавкат Мирзиёев мактуби самимона гирифтем. Сабаби иштирок накардани ӯ на дар муносибатҳои дуҷонибаи мо, балки марбут ба масъалаҳои дохилии Ӯзбакистон- интихобот мебошад",- гуфтааст Исоқов.

Муовини шӯъбаи сиёсати хориҷии Қирғизистон  ҳамчунин хотиррасон намуд, ки иштироки худро дар иҷлосияи макзкур сорони Арманистон, Озарбойҷон, Белорус, Қазоқистон, Малдова- сарвазир ва Украина- сафир тасдиқ намуданд. Иштирок накардани президенти Туркманистон бо он вобаста аст, ки санаи 16-уми сентябр дар кишвар чорабинии сиёсии марбут ба ислоҳоти конститутсионӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад Исоқов.

20
Барчаспҳо:
Иҷлосияи сарони кишварҳои аъзои ИДМ бидуни Шавкат Мирзиёев, ИДМ, Шавкат Мирзиёев, Осиё
Мавзуҳо:
Узбакистон бидуни Ислом Каримов (18)
Мавзуъ
Сарони давлатҳои ИДМ дар Бишкек: роҳбаронро чӣ гуна қабул ва меҳмондорӣ мекунанд