Шавкат Мирзиеёв. Акс аз бойгонӣ

Президенти муваққатии Узбакистон рӯи нахустин қонуни худ имзо гузошт

52
(Таҷдидшуда 12:02 16.09.2016)
Президенти муваққатии Узбакистон Шавкат Мирзиёев имрӯз қонуни аввалини худро-“Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” ба имзо расонид.

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik.  Қонун имрӯз аз ҷониби ВАО-и маҳаллӣ аз чоп бароварда шудааст. Ин қонуни аввалини Мирзиёев ба ҳайси президенти муваққатии Узбакистон мебошад.

Дар қонун аз ҷумла меъёре мавҷуд аст, ки мувофиқи он бораи хатмкунандагони коллеҷҳои касбӣ бояд ҳатман  ҳадди ақали ҷойҳои корӣ ҷудо карда шаванд.

Роҳбарияти  корхонаҳое, ки аз ҷудо намудани ҷои кори холӣ барои хатмкунандагон саркашӣ мекунанд ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

Дар матни қонун ҳамчунин омадааст, ки бо мақсади дастгирии иҷтимоии ҷавонон ва оилаҳои ҷавон дар Узбакистон хадамоти иҷтимоии ҷавонон ташкил карда мешавад. Дар баробари ин, қонун-ҳуқуқ, озодӣ ва кумаки иҷтимоиро барои ҷавонон кафолат дода, ба ҷавонони соҳибистеъдод додани кумати иловагии давлатиро дар назар дорад.

Ислом Каримов санаи 2-уми сентябри соли ҷорӣ дар синни 78 солагӣ дар натиҷаи гирифтор шудан ба сактаи майнаи сар (инсулт) вафот кард. Ӯ дар зодгоҳаш  шаҳри Самарқанд мувофиқи оинҳои мусалмонӣ дафн карда шуд. Иҷрокунандаи муваққатии вазифаи президентии кишвар Шавкат Мирзиёев таъин карда шудааст. Интихоботи президентии кишвар санаи 4-уми декабри соли равон баргузор мегардад.

52
Барчаспҳо:
"Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон", қонуни нав, Шавкат Мирзиёев, Узбакистон
Мавзуъ
Шавкат Мирзиёев президенти муваққатии Узбакистон таъин гардид