Мулоқоти Аслов бо ҳамтои арабаш

Дидори Аслов бо Оли Сонӣ: аз густариши ҳамкорӣ то иҷрои тафовуқот

41
(Таҷдидшуда 15:27 14.05.2017)
Дирӯз,13 май вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо ҳамтояш аз Қатар Шайх Муҳаммад ибни Абдурраҳмон Оли Сонӣ дидор ва мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputniк. Бино ба иттилоъи равобити умумии вазорати хориҷаи ҶТ дар шаҳри Давҳа мулоқоти вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ва ҳамтои арабаш Шайх Муҳаммад ибни Абдурраҳмон Оли Сонӣ баргузор гардид.

Зимни дидор вазирон вазъи кунунӣ густариши ҳамкориҳои минбаъдаро баррасӣ карданд.

  

"Ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қатарро дар арсаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба роҳҳои татбиқи тавофуқоте, ки миёни роҳбарияти олии ду кишвар дар рафти сафари расмии раисҷумҳури Тоҷикистон ба Қатар ҳосил шуда буд, табодули назар карданд",-омадааст дар хабарнома.

Инчунин дар робита ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

Манбаъ меафзояд, ки Сироҷиддин Асломв имрӯз, дар маросими ифтитоҳи Форуми байналмилалии Давҳа  ширкат хоҳад намуд.

41
Барчаспҳо:
дидор, мулоқот, Сироҷиддин Аслов, Қатар
Мавзуъ
Молоқоти Раҳмон бо раиси Маҷлиси Шӯрои Қатар: Тоҷикистон назари нек дорад
Ифтитоҳи хатсайри ҳавоӣ: сафари Э.Раҳмон ба Қатар ва имзои ҳашт созишнома
Ба Тоҷикистон биёед: “презентатсия”-и Эмомалӣ Раҳмон дар Қатар