Гуфтугӯи Сироҷиддин бо сафири Фаронса дар Тоҷикистон

Пас аз 25 соли равобит Аслов омода аст ҳамкориро бо Фаронса таҳким бахшад

29
(Таҷдидшуда 16:57 07.06.2017)
Имрӯз, вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо сафири Фаронса дар кишвар хонум Ясмин Гуедар дидор кард

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии вазорати корҳои хориҷаи ҶТ дар ҷараёни  мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносиботи Тоҷикистону Фароснаро муҳокима карданд.

Сироҷиддин Аслов ва хонум Ясмин Гуедар аз сатҳи ҳамкориҳои  ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар 25 соли муносибатҳои сиёсӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

"Намояндагони воломақоми ду кишвар ҷиҳати таҳкими минбаъдаи муколамаи сиёсӣ ва дарёфти роҳи нави тавсеаи робитаҳо ибрози омодагӣ намуданд", — омадааст дар хабарнома.

Қаблан хабар дода шуд, ки намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Фаросна бо ҷавонони тоҷик, ки дар макотиби олии Фаронса таҳсил мекунанд, дидор карданд.

29
Барчаспҳо:
25-соли ҳамкорӣ, муҳокима, баррасӣ, ВКХ Тоҷикистон, Сроҷиддин Аслов, Тоҷикистон
Мавзуъ
Сироҷиддин Аслов аз тарҳи нерӯгоҳи Роғун дар Брюссел пуштибонӣ кард
Сироҷиддин Аслов бо вазирони умури хориҷаи Қазоқистон ва Чин дидору гуфтугӯ кард
Сироҷиддин Аслов дар Тошканд бо ҳамтоёни хориҷияш мулоқот кард