Маросими гусели расмии Эмомалӣ Раҳмон дар Арманистон

Обуна шудан
Расми гусели Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди “Қасри Президент” ба таври бошукуҳ бо иштироки раисҷумҳури Арманистон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Имрӯз  сафари расмии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арманистон  ба анҷом расид.

Тавре дафтари матбуоти раииҷумҳур хабар медиҳад, расми гусели сарвари давлати Тоҷикистон чун маросими истиқболи расмӣ дар назди "Қасри Президент" ба таври бошукуҳ бо иштирокираисҷумҳури Арманистонсурат гирифт.

Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон ба Арманистон сафар кард

Барои гусели Эмомалӣ Раҳмон майдони назди қаср бо парчамҳои давлатии ду кишвар, сафҳои горди фахрии Арманистон ва оркестри асбобҳои нафасӣ ороста буд.

Маросими бошукӯҳи гусел бо садо додани сурудҳои миллии ду кишвар ба поён расид.

Ёдовар мешавем, ки сафари навбатии расмии  Эмомалӣ Раҳмон ба ҷумҳурии Арманистон бо қабули бастаи нави санадҳои муҳими ҳамкорӣ ба анҷом расид. Бо қабули санадҳои нав маҷмуъи ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи робитаҳои ҳамкории Тоҷикистону Арманистон ба беш аз 40 адад расида, ҳамкорӣ дар соҳаҳои алоқаи ҳавоӣ, телекоммуникатсия ва алоқаи почта, илму маориф, тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш ва ғайраро дар бар мегирад.

Лентаи хабарҳо
0