Зани роҳгузаре раисҷумҳур Путинро ба оғӯш кашида бӯсид

© RussiaTodayВладимир Путин на Арбате
Владимир Путин на Арбате - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Владимир Путин дар хиёбони Арбат бо гурӯҳе аз гардишгарон гуфтугӯ мекард. Зане аз фурсат истифода бурду раисҷумҳурро ба оғӯш кашида бӯсид

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дирӯз Людмила Алексеева — яке аз маъруфтарин мудофеъони ҳуқуқи башар дар ин кишварро ба муносибати 90-умин солгарди зодрӯзаш табрик гуфт.

Бино ба иттилоъи вебгоҳи расмии кишвардори Русия, Владимиир Путин бо Людмила Алексеева дар хонааш, ки дар хиёбони Арбат ҷой дорад, дидор кард. Вай пас аз ин дидор дар Арбат бо гурӯҳе аз гардишгарон низ гуфтугӯ кард.

Дар наворе, ки вебгоҳи Кремл аз ин дидору гуфтугӯ мунташир кардааст, дида мешавад, ки раисҷумҳур аз хонае, ки Людмила Алексеева дар он зиндагӣ дорад, берун мешавад. Рӯбарӯи ин сохтмон гурӯҳе аз мардум, ки раисҷумҳурро интизор буданд, ӯро бо кафкӯбӣ пешвоз гирифтанд. Раисҷумҳур аввал хост дигар сӯ биравад, вале роҳашро дигар карду назди онҳо рафт.

"Оё инҷоро писандидед?" — пурсид Путин аз онҳо.

Чанд зане, ки наздиктараш буданду аз ӯ акс мегирафтанд, гуфтанд: "Бисёр хушамон омад… Бисёр зебост".

Путин аз онҳо пурсид, ки аз куҷо омадаанд ва онҳо гуфтанд: аз Владивосток, Тюмен, Пятигорск. "Ҳаво ба бахтатон бисёр хуб аст", — гуфт вай.

Яке аз гардишгарон ба забони инглисӣ сухане ба раисҷумҳур гуфт. "Nice to meet you. Welcome", — гуфт дар посух Путин ва бо чанд касе аз гардишгарон даст дод.

Зане аз фурсат истифода карду Путинро ба оғӯш кашида рухсорашро бӯсид.

"Сипосгузорам аз пуштибониятон. Падруд бошед", — гуфт Путин ва савори худрав шуд.

 

Лентаи хабарҳо
0