Э. Раҳмон ба дасти Сатторзода ба милисаҳо мукофотҳои давлатӣ фиристод

© Фото : Аз равобити умумии ВКД ҶТТақдими мукофотҳои давлатӣ ба милисаҳо
Тақдими мукофотҳои давлатӣ ба милисаҳо - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар маҷлисгоҳи ВКД ба муносибати 26-умин солгарди Истиқлол ҷаласа баргузор шудааст

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Ба ититлоъи равобити умумии ВКД ҶТ, дар он вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур, Абдуҷаббор Сатторзода, ҷавонони фаъоли гурӯҳи "Авангард" ва кормандони милитсия ширкат кардаанд.

Ба гузориши манбаъ, Абдуҷабор Саттторзода мутобиқи фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мукофотҳои давлатиро ба як қатор кормандони милитсия супоридааст.

Президент РТ провел урок мира для его защитников, в Академии МВД - Sputnik Тоҷикистон
Дарси сулҳи Раҳмон дар Академия: ҷанг бо айби ашхоси зархарид ва аҳзоби сиёсӣ сар шуд

Ҳамчунин бо фармони вазири ВКД Рамазон Раҳимзода  як қатор кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳам бо мукофотҳои гуногун ва рутбаҳо қадрдонӣ шудаанд.

Рамазон Раҳимзода зимни суханронӣ мардуми Тоҷикистонро бо 26-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ муборакбод гуфтааст.

"Истиқлолият барои ҳар як давлату миллат, алалхусус мо тоҷикон аз беҳтарин дастовард, арзиши олии давлатдорӣ ва нангу номуси ватандорӣ, инчунин ифтихор аз таъриху тамаддун ва фарҳанги бою оламшумули аҷдодонамон ба ҳисоб рафта, шароит фароҳам овард, ки дар ин муддат дар тамоми соҳаҳои ҳаёт сиёсату иқтисодиёт, саноату энергетика, кишоварзӣ ва илму фарҳанг ба комёбиву муваффақиятҳои назаррас ноил гардем", — гуфтааст вазир.

Дар хотимаи ҷаласа ансамбли "Сипар"-и ва ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ дар назди ҳозирин ҳунарнамоӣ кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0