Имрӯз Марс ба Замин наздик мешавад

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкТелескоп. Акс аз бойгонӣ
Телескоп. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз сайёраи сурх дар 11 соли охир бори аввал дар масофаи наздиктарин бо Замин қарор мегирад. Марс бо сайёраи мо дар масофаи 76 миллион километр ҷой мегирад.

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Имрӯз сайёраи сурх дар 11 соли охир бори аввал дар масофаи наздиктарин бо замин қарор гирифта масофаи байни ду сайёра 76 миллион километрро ташкил хоҳад дод, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба Space.com

Ин ҳамсоягии ду сайёра ба анҷом нахоҳад расид, наздикшавии Марс ва Замин ду ҳафтаи оянда яъне то 12 июн идома ёфта баъд ботадриҷ аз ҳам ҷудо хоҳанд шуд.

Ҳамсоягии имсолаи ду сайёра дар таърихи мушоҳидаҳо наздиктарин нест, чунки соли 2003 сайёраҳо дар масофаи 55,7 миллион километр аз ҳам қарор гирифта буданд. Ин наздикшавӣ дар таърихи мавҷудияти инсоният масофаи рекордӣ ба шумор меравад.

Наздикшавии Марс ва Замин ба гуфти муаллифони мақола ба астрономҳо ва мутахассисони ин соҳа имконият медиҳад, то Марсро аксбардорӣ намоянд ва хусусиятҳои хоси ӯро, ки дар масофаи оддӣ мушоҳида кардан номумкин аст, омӯзанд.

Дӯстдорони мушоҳида шаби имрӯз метавонанд Марсро ҳатто бидуни таҷҳизоти махсуси мушоҳидавӣ бубинанд. Агар обу ҳаво барои мушоҳида кардани сайёра монеъ гардад, хоҳишмандон метавонанд тариқи пахши мустақим, ки аз ҷониби омӯзишгоҳи Slooh пешниҳод мегардад тамошо кунанд.

Мувофиқи маълумоти астрономҳо наздикшавии навбатии сайёраҳо соли 2018 дар назар аст. Ба гуфти онҳо ҳамсоягии навбатии Марс ва Замин боз ҳам наздиктар хоҳад шуд. Наздикшавии сайёраҳоро чун ҳамешагӣ мутахассисони соҳаи астрономия мушоҳида хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0