Олимон: сиёсатмадорони қадбаланд бештар муваффақ мешаванд

© Sputnik / Александр Савоченко / Гузариш ба медиабонкИнсони аз ҳама қадбаландтарини дунё дар соли 2007 зодаи Украина Леонид Стадник
Инсони аз ҳама қадбаландтарини дунё дар соли 2007 зодаи Украина Леонид Стадник - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Олимони чинӣ дар тадқиқоти худ нишон доданд, ки одамони қадбаланд метавонанд масоҳати ашёҳоро беҳтар муайян намоянд, ҳатто агар дар ҳолати нишастан қарор дошта бошанд ҳам, менависад маҷаллаи Science Advances.

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik.Олимон дар бораи қади баланд ва паст тадқиқот ба амал оварда маълум намуданд, ки қад ба саломатии инсон чӣ гуна таъсир мерасонад. Барои мисол онҳо муайян намуданд, ки мувофиқи тадқиқоти соли  2011  занони қадбаланд бештар ба касалии саратон гирифтор шудаанд. Ғайр аз ин маълум гардид, ки сиёсатмадорони қадбаланд, нисбат ба қадпастон бештар дар интихобот ғолиб меоянд. Ғайр аз ин биологони молекулӣ як қатор генҳоро дарёфтанд, ки қади одамро муайян мекунад ва бо таъсирпазирии бемориҳои гуногун вобаста мебошанд, қайд мекунад манбаъ.

Лю Жоу аз донишгоҳи Чини Шарқӣ дар Шанхай  ва ҳамкорони ӯ фарқиятҳои ғайриодии кори организми одамони қадпаст ва қадбаланро муайян карданд. Онҳо ба  ҳаракати якчанд одамони ихтиёрӣ, ки мехостанд масофаи байни пинг понгро то тӯбчае, ки олимон онро дарбаландии якчанд метр аз  болои сари онҳо овезон карда буданд, муаяйн кунанд.

Дар вақти гузаронидани тадқиқот олимон чароғи хонаро хомғш мекарданд, ё камтар мегардониданд ва ба ин воситаи вазифаи иштирокчиёнро мушкил мекарданд.

Вақте ки натиҷаҳо ба даст омад Жоу ва ҳамкорони вай ба далели аҷоиб рӯ ба рӯ гаштанд- маълум гардид, ки дар вақти мавҷуд будани масофаи калон, ки аз 3 метр ҳам боло аст, одамони қадбаланд, нисбат ба қадпаст бештар қобилияти муайян намудани масофаро доранд. Ҳатто агар ба воситаи шинонидани қадбаландон ба миз ва ба зери пои  қадпастон гузоштани миз қади онҳоро баробар кунанд ҳам, натиҷа як хел ҳосил мегардид.

Ин фарқияти ғайриодӣӣ бо чӣ марбут бошад- барои чӣ ин ҳолат вақти, ки қади онҳо баробар карда шавад ҳам ба назар мерасад? Чуноне ки олимон мегӯянд чунин қувваи биниш  дар одамони қадбаланд маҳсулоти эволютсия ба шумор меравад ва яке аз сабабҳои он мебошад ки қади инсон ҳамеша баланд мешуд.

Гап дар сари он аст, ки чашмони мо муҳити атрофро на дар се самт  муайян мекунанд, балки ҳамчун ду хат(расм) мебинад, ки дар вақти биниш майнаи сар онро ба таври худ қабул менамояд.

Лентаи хабарҳо
0