Бангдона. Акс аз бойгонӣ

Сокинони Осиёи Марказӣ 2,5 сол пеш бангдона истеъмол мекарданд

103
Мувофиқи тадқиқотҳои олимони Академияи илмҳои Чин, ки дар қисми шимолу ғарбии Чин ҳафриёт мебаранд,бармеояд, ки бангдонаро одамон аллакай пеш аз пайдо гардидани дини масеҳият истеъмол мекарданд

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik.Сокинони Осиёи Марказӣ аллакай 2800-24000 сол пештар аз бангдона истифода мебурданд, хабар медиҳад Economic Botany бо истинод ба олимони Академияи илмҳои Чин.

Мувофиқи маълумотҳои Тсзян Хунгэн ва ҳамкоронаш, ки дар қисми шимолуву ғарбии Чин ҳафриёт мебаранд, эҳтимол меравад, ки  бангдонаро аллакай то пойдо гардидани масеҳият истеъмол мекарданд.

"Далели ин  бозёфтҳои мо ва дигар ҷойҳои пинҳонӣ мебошад, ки аз дохили он бангдона пайдо гардидааст.Бангдона дар қабрҳо дар Алтай ва дигар маконҳое, ки дар онҳо одамонро гӯронида буданд, пайдо гардидааст",- мегӯянд гӯрӯҳи олимон.

Ҳангоми ҳафриёт археологон тавонистанд қабристонҳоеро дарёфт кунанд, ки дар он одамонро тақрибан солҳои 500-уми то мелод гӯронида буданд. Аз сабаи он, ки обу ҳаво дар ин минтақаҳо хело хушк аст, ашёҳои барбод нарафтаанд ва олимон тавонистанд, ки ҳар яки онҳоро омӯхта бароянд.

Ҳамин тавр дар яке аз қабрҳо поя ва барги бангдона ёфт гардид. Ба гуфтаи олимон ин растанӣ тасодуфан ба он ҷо наафтидааст. Дар натиҷаи тафтишот маълум гардид, ки боқимондаи қабр ва бангдона дар як давра ба қабр ворид гардидаанд.

Ба ғайр аз ин табақеро дарёфт карданд, ки дар дохили  он ҳам бангдона буд.

Чунин бармеояд, ки гузаштагон ин нумуди растаниро на танҳо дар тиб ва маросимҳои худ истифода мебурданд, балки ҳангоми безарар кардани ҳашарот низ аз бангдона истифода мекарданд.

103
Барчаспҳо:
ҳафриёт, тадқиқот, Олимон, Чин