Владимир Иванов

Об карда менӯшем: арабҳо кӯҳяхҳоро гудохта об мехӯранд

120
(Таҷдидшуда 14:08 14.05.2017)
Аморати Муттаҳидаи Араб мехоҳад кӯҳяхҳои Антарктидаро ба соҳилҳои худ наздик оварда об кунад ва бо ин роҳ аз беобӣ раҳо ёбад

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputniк. Аморати Муттаҳидаи Арааб мехоҳад бо роҳи гудохтани яхкӯҳ аз мушкилоти камобӣ раҳо ёбад.

Ба гуфти мудири Пажӯҳишгоҳи ҳавошиносии созмони "Тайфун" Владимир Иванов ин равиши яхгудозӣ ба обу ҳавои минтақа низ таъсири мусбат хоҳад расонд.

"Ин равиши об кардани кӯҳяхҳо чанде боз омӯхта мешуд", — гуфт ин коршинос дар суҳбат бо радио Sputnik.

Ӯ афзуд, ки баҳрагирӣ аз кӯҳяхҳо барои табиати ҷаҳон ба куллӣ хатаре нахоҳад дошт.

"Ин равиши ҳосил намудани об ба зистбум хатаре нахоҳад дошт. Вале бо ин роҳ метавон барои минтақаи хушк об ҳосил кард", — гуфт Иванов.

Аморати Муттаҳидаи Араб се сол боз дар паи ҷустуҷӯи сарчашмаҳои нави обрасонӣ аст.

120
Барчаспҳо:
обкунӣ, об, Владимир Иванов, АМА
Мавзуъ
Пажӯҳишгар: ҷопониҳо заминларзаро пешгӯӣ хоҳанд кард