Бо ҳуҷайраҳои хешовандон: нахустин пайванди мағзи устухон дар Тоҷикистон

© Sputnik / Варвара Гертье / Гузариш ба медиабонкХирурги на операции, архивное фото
Хирурги на операции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон нахустин амалиёти пайвандсозии мағзи устухон гузаронида шуд

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии вазорати тандурустии ҶТ, шӯъбаи пайванди мағзи устухон, ки дар  Осиёи Марказӣ ягона аст, бо таҷҳизоти муосири пайвандсозии истеҳсоли ИМА аст, муҷаҳҳаз гардонидашудааст.

Тавассути ин дастгоҳ (спектр оптия) ҳуҷайраҳои бунёдие, ки аз бемор ё хешовандони ӯ гирифта мешаванд, барои муолиҷаи минбаъда ҷудо карда мешавад. 

Ба гуфти мудири Марказ Саидмаҳмуд Исмоилзода, пайванди мағзи устухон нисбат ба  пайвандҳои дигар аз ҷиҳати зеҳниву техникӣ мураккаб мебошад, чунки барои гирифтани ҳуҷайраҳои бунёдӣ аз нафаре, ки бемории саратони хун дорад, ба воситаи асбобҳои ҳозиразамон гирифта мешавад.

Димрӯз, 28 июн нахустин пайванди мағзи устухон барои бемори гирифтори миелома бо муваффақият гузаронида шудааст.

Доктори илмҳои тиб, профессор Саидилҳом Аҳмадзода, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Аҳмадзода: саратон бо ёрии нитрогени моеъ табобат мешавад

Манбаъ меафзояд, ки чунин намуди амалиёт барои беморони гирифтори лейкозҳои шадид ва  хроникӣ, лимфомаҳо, миеломаҳо, анимияҳои хроникӣ пешбинӣ шудааст.

Мутахассисон қайд карданд, ки  айни замон ба нафароне, ки гирифтори чунин бемориҳо ҳастанд аз ҳуҷайраҳои худашон гирифта, ба онҳо пайванд мекунанд ва  ба онҳо умри дубора мебахшанд. Қадами якуми мо  гирифтани ҳуҷайраҳои бунёдӣ аз худи бемор ва қадами дуюм гирифтани ин ҳуҷайраҳо аз хешовандон аст, — зикр намуд Исмоилзода.

Ҳуҷайраҳои бунёдӣ  аз мағзи устухони шахси бемор ба воситаи дастгоҳи махсус ҷудо карда, гирифта мешаванд. Баъдан ба бемор кимиёдармонии шадид гузаронида мешавад, ки дар натиҷаи он ҳучайраҳои  бемор ва омосҳо ба пуррагӣ нобуд карда мешаванд.

Пас аз он ҳамин ҳуҷайраҳои коркардкардашудаи фаъолу солим  аз нав ба организми бемор ворид карда мешванд ва бемориро муолиҷа мекунанд.

Саидмаҳмуд Исмоилзода боварӣ дорад, ки ин шакли пайвандсозӣ низ, мисли пайванди гурда ва пайванди ҷигар дар Тоҷикистон бо муваффақият ба роҳ монда мешавад.

Ёдовар мешавем, Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон соли 2011 таъсис дода шуда, то имрӯз беш аз 350 амалиёти пайванди гурда ва 38 амалиёти пайванди ҷигар гузаронида шудааст. 

Шумораи зиёди шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла аз Қирғизистону Туркманистон, Узбакистон, Озарбойҷон, Русия, Лубнон ва Афғонистон дар ин марказ бомуваффақият ҷарроҳӣ карда шуданд.

Лентаи хабарҳо
0