Транспорт Душанбе. Архивное фото

БДА: аз 25 то 27 ноябр ҳаракати нақлиёт дар Душанбе маҳдуд мешавад

3
(Таҷдидшуда 15:42 27.11.2014)
Бо сабаби ташрифи Милош Земан, раисиҷумҳури Чехия аз бегоҳи 25-ум то 27-уми ноябр ҳаракати васоити нақлиёт дар шаҳри Душанбе маҳдуд карда мешавад.

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар рӯзҳои 25-27 ноябри соли равон бино ба ташрифи Милош Земан, президенти Чехия масдуд мегардад, иттилоъ медиҳад сомонаи ВКД ҶТ.

Рӯзи 25 ноябр, аз соати 17:30 то 18:20 дақиқа ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои А.Дониш, Айнӣ, хиёбони Рӯдакӣ то чорроҳаи И.Сомонӣ, хиёбони И.Сомонӣ то Сино муваққатан манъ карда мешавад.

"Рӯзи 26 ноябр, аз соати 10:00 то10:30, 13:00 то 13:15, 14:20 то 15:00, 15:40 то 15:55, 16:45 то 16:55 дақиқа ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рудакӣ муваққатан манъ карда мешавад. Аз соати 18:30 то 18:50 ва аз соати 20:30 то 20:50 дақиқа ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони И.Сомонӣ муваққатан маҳдуд мегардад",- мегӯяд манбаи хабар.

Рӯзи 27 ноябр, аз соати 11:30 то 12:00 дар хиёбони Рудакӣ ва аз соати 14:00 то 14:15 дақиқа дар кӯчаҳои А.Дониш, Айнӣ, Рӯдакӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан масдуд мешавад.

3
Барчаспҳо:
ҳаракат, маҳдуд, БДА, Тоҷикистон, Душанбе, Чехия, Милош Земан