Младенец, архивное фото

Муҳаммад- маҳбубтарин ном барои навзодон дар Британияи Кабир

24
(Таҷдидшуда 09:55 17.12.2014)
Исми Муҳаммад (с), пайғомбари ислом дар соли 2014 дар Британияи Кабир маҳбубтарин ном барои навзодон гардида, аз исмҳои анъанавии англисӣ ҳам бештар истифода шудааст.

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Номи Муҳаммад (с) маъруфтарин исм барои писарбачаҳои навзод дар соли 2014 дар Британияи Кабир гардидааст, менависад нашри Dayly Mail бо истинод ба  Babycentre, пойгоҳи интернетӣ барои занон.

Ба иттилоъи манбаъ, исми Муҳаммад (с) дар соли 2014 ба 27 нуқта боло рафта, мавқеъи пешсафиро миёни номҳои таърихӣ-анъанавии англисӣ ишғол кардааст. Исмҳое амсоли Оливер, Ҷек, Ной, Гарри ва Ҷеймс низ дигар бо номи мазкур рақобат карда наметавонанд.

 Dayly Mail суханони Сара Рэдшоу (Sarah Redshaw), сардабирро иқтибос оварда  менависад,  номҳои мусулмонӣ аз он сабаб роиҷ мешаванд, ки фарҳанги гуногунӣ дар шоҳигарӣ рӯ ба рушд аст. "Тавсеаи чандфарҳангӣ дар Британияи Кабир дар ҳоли рушд аст. Исмҳои мусулмонии Умар, Алӣ ва Иброҳим низ дар ин ҷамъият маъруфият доранд".

Миёни исмҳои занона дар Британия-  София, Эмили ва Лили аз ҳама бештар роиҷанд. Ҳамзамон, номҳои дар ҷаҳони араб маълуму машҳури Марям ва Нур низ серистифода мебошанд. Аввалӣ 59 мавқеъ боло баромада, дар мақоми 35 ва дуввумӣ дар ҷои 29 қарор доранд.   

 

24
Барчаспҳо:
Гарри, Ҷеймс, ислом, пайғомбар, маҳбубтарин, Британияи Кабир, Муҳаммад (с)