Президент Таджикистана Эмомали Рахмонов принимает присягу. Архивное фото

Ҳайкали кӯчаки Эмомалӣ Раҳмон барои рӯи миз сохта мешавад

3
(Таҷдидшуда 12:18 03.12.2014)

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ҳайкали кӯчак (бюст)-и Эмомалӣ Раҳмонро омода кардааст, ки интизор меравад баъд аз дарёфти посухи мусбати ҳукумат вориди бозор шавад, бо истинод ба як манбаи худ дар ИРТ хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Манбаи Озодӣ гуфтааст, нусхаи ин бюсти президентро ба ҳукумат пешниҳод кардаанд ва ҳамин ки тасдиқ шуд, имкон дорад барои чанд ҳазор нусха онро дар Чин фармоиш диҳанд. Бюсти президент кӯчак буда, аслан барои рӯи миз пешбинӣ шуда ва баландиаш ҳудуди 30 сантиметр аст.

"Ҳайкали кӯчаки президент ду сол қабл омода шуда, модели он ба Вазорати фарҳанг ва ҳукумат пешниҳод гардид, вале ҳанӯз посухи манфӣ ва ё мусбат дарёфт нашудааст",- менависад сарчашмаи хабар.

Иттифоқи рассомон мехост, нусхаи аввали бюсти президентро ба Осорхонаи милии кишвар ҳамчун қаҳрамони Тоҷикистон дар канори Садриддин Айнӣ, Нусратуллоҳ Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемуров, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода пешниҳод кунад, вале иҷозаи расмӣ дарёфт нашудааст.

Сохтани муҷассамаи президент дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз мансабдорон ва шаҳрвандон хостааст ӯро тавсиф накунанд. Дар соли 2010 президент аз нашри аксҳои якҷояи ӯ бо мансабдорони сатҳҳои гуногун эътироз карда, барои барчидани онҳо фармон дода буд. Баъд аз ин амр аксҳои ӯ ҳамроҳ ба раисони навоҳӣ ва ё вилоятҳо барчида шуд, вале дар иваз танҳо аксҳои бузурги Раҳмон пайдо шуданд.

3
Барчаспҳо:
шахспарастӣ, Иттифоқи рассомон, Эмомалӣ Раҳмон, ҳайкал, Тоҷикистон