Еженедельник Нигох

Вазир гуфт, “Нигоҳ” ба хотири таҳқири Президент аз чоп монд

9
(Таҷдидшуда 15:51 19.12.2014)

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Яке аз сабабҳои мутаваққиф шудани чопи нашрияи "Нигоҳ" таҳқири Эмомалӣ Раҳмон номида шуд, менависад оҷонсии "Озодагон" аз қавли Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон.

Орумбекзода гуфтааст, "Нигоҳ" дар баробари беэҳтиромию таҳқир нисбат ба президент дигар муқаддасоти миллиро низ таҳқир кардаст. Ӯ илова кардааст, ки омили дигари чоп нашудани ҳафтанома саривақт аз қайди мақомоти давлатӣ нагузаштани он аст.

Дар мавриди он, ки чӣ гуна ва дар кадом шуморааш ҳафтаномаи "Нигоҳ" раисиҷумҳур ва муқаддасоти миллиро таҳқир кардааст, вазири фарҳанг изҳор доштааст, ки ба далели кам будани фурсат ва ҷаласаи корияш наметавонад дар бораи ҷузъиёти он суҳбат кунад. Аммо вай изҳор доштааст, ки ба ҳар сурат ҳафтаномаи "Нигоҳ" дубора рӯи чоп хоҳад омад.

"Чоп мешавад, иҷозат медиҳем. Аллакай мо суҳбат кардаем дар ин маврид ва бояд ҳамин рӯз ҳал шавад", — гуфтааст вазир.

Орумбекзода таъкид кардааст, ки "Нигоҳ" набояд ба таҳқири президент ва муқаддасоти миллӣ роҳ диҳад.

Ҳафтаномаи "Нигоҳ" аз ду ҳафта ба ин сӯ нашр намешавад. Масъулини нашрия мегӯянд, бо вуҷуди талошҳояшон натавонистаанд иҷозаи Вазорати фарҳангро дастрас кунанд ва изҳори умед карданд, ки ба наздикӣ мушкили сабти нашрия ҳал мешаваду ҳафтанома дубора нашр мешавад.

9
Барчаспҳо:
иҷозат, қатъ, чоп, нашрия, ҳафтанома, "Нигоҳ", Шамсиддин Орумбекзода, Душанбе, Тоҷикистон