Банк вакансий. Архивное фото

Дар Тоҷикистон 105 ҳазор нафар корҷӯ ба қайд гирифта шудааст

7
(Таҷдидшуда 08:07 22.12.2014)
Соли 2014 дар ҷумҳури беша аз 225 ҳазор ҷои кори нав таъсис ёфта бошад ҳам, тайи 11 моҳи соли равон ҳамагӣ 36 ҳазор нафар бо ҷои кор таъмин шудаанду бас.

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Тайи 11 моҳи соли 2014 беш аз 105 ҳазор шаҳрванди кишвар барои дарёфти ҷои кор ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ муроҷиат кардаанд, иттилоъ медиҳад хабаргузории Авеста.

Аз ин теъдод, ҳудуди 36 ҳазору 211 нафар бо ҷои кор таъмин гардидаанд, ки 34,5 % —и муроҷиаткунандагонро ташкил медиҳад.

"Сабаби асосии ба ҷои кор ба миқдори камтар таъмин шудани шаҳрвандон дар он аст, ки онҳо ихтисосии зарурии соҳаро надоранд ва ҳирфаи эшон ба талаботи бозори муосир ҷавобгӯ нест. Омили дигараш бошад, поён будани сатҳи маоши моҳона дар ихтисосҳо маҳсуб мешавад",-мегӯянд масъулини агентӣ.

Дар ҳамин ҳол, тайи 11 моҳи ахир беш аз 6000 нафар бо кӯмакпулӣ барои бекорӣ дар ҳаҷми умумии 3 миллиону 264 ҳазор сомонӣ таъмин гардиданд.

Тибқи иттилои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар давраи моҳҳои январ-ноябри соли 2014 дар ҷумҳурӣ 225 ҳазору 278 ҷои кори нав таъсис дода шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 16,5 % бештар аст. Соли 2013 дар Тоҷикистон 193 ҳазору 451 ҷои кор таъсис дода шуда буд.

7
Барчаспҳо:
таъсис ёфтааст, ҷои нави кор, ҷои холии кор, ҷои кор, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Тоҷикистон