Российский паспорта, архивное фото

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар бораи душаҳрвандӣ ба ФР иттилоъ диҳанд?

6
(Таҷдидшуда 13:33 22.12.2014)
Тоҷикистон “Созишнома дар бораи душаҳрвандӣ бо Русия”-ро 7 сентябри соли 1995 ба тасвиб расонд. Шаҳрвандони ҶТ, ки хоҳиши доштани шаҳрвандии Русияро доранд, бояд дар баробари шиносномаи Тоҷикистон шиносномаи шаҳрвандии Русияро низ доро бошанд.

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Думаи давлатӣ масъалаи "оё шаҳрвандони Тоҷикистон дар бораи доштани шаҳрвандии дуввум  иттилоъ диҳанд ва ё не"-ро ба баррасӣ гирифтаанд. Ҳоло тасмими ниҳоӣ гирифта нашудааст, аммо дар ин бора мақомоти салоҳиятдор бояд иттилоъ пайдо намоянд, менависад Тojnews.

"Огоҳнома дар бораи душаҳрвандиро дар ҳама нуқтаҳои Почтаи Русия хонапурӣ кардан мумкин аст. Дар он ҷо ба шумо санадеро медиҳанд ва пас аз пур кардан он ба корманди масъул супорида мешавад. Талони буридашударо нигоҳ доштан зарур аст, то мавриди муҷозот қарор нагиред",- менависад манбаъ дар такя ба суханони Владислав Маркевич, роҳбари намояндагии ХФМ Русия дар ҶТ.

Сарвари намояндагии ХФМ дар ҶТ афзуд, на Русия ва на Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир аз Созишномаи дуҷонибаи эътирофи душаҳрвандӣ даст накашидаанд.

"Ин санад ҳамчунон қувваи қонунӣ хоҳад дошт ва ба таври худкор (автоматӣ) то замоне, ки яке аз ҷонибҳо аз он худдорӣ наварзад, тамдид мегардад. Туркманистон дар бораи лағви он эълом дошт, мутаносибан аз моҳи марти соли оянда созишнома бекор хоҳад шуд",-гуфтааст оқои Маркевич.

Тибқи иттилои расмии ХФМ-и Русия шурӯъ аз соли 1995 то имрӯз беш аз 5 миллион нафар хориҷиён табааи Русияро соҳиб гардидаанд. Миёни ин теъдод 300 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст, аммо дақиқ нест, ки чӣ шуморе аз онҳо аз шаҳрвандии аввал даст кашидаанд ва чӣ қадар ҳар ду шиносномаро ҳифз намудаанд.

6
Барчаспҳо:
тамдид, худдорӣ, табаа, душаҳрвандӣ, намояндагии ХФМ, Думаи давлатӣ, ХФМ, Владислав Маркевич, Туркманистон, Русия, Тоҷикистон