Презентация крупнейшего международного информационного бренда Спутник

Ордени КПР ба сарвари кулли ОИБ “Россия сегодня” тақдим гардид

4
(Таҷдидшуда 12:01 23.12.2014)
Роҳбари калисои православии Русия дар қароргоҳи Данилов бо Дмитрий Киселёв мулоқот кард.

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik.  Усқуфи аъзам (патриарх-и)калисои православии Русия ва Маскав- Кирилл ба Дмитрий Киселёв, мудири кулли гурӯҳи расонаҳои "Россия сегодня" нишони Сергей Радонежский дараҷаи II —ро тақдим кард, менависад РИА Новости дар истинод ба хадамоти матбуотии усқуф.

"Барои таваҷҷӯҳ ва хидмати шоён дар ростои калисо ва Ватан ва 60 —солагии соҳибҷашн усқуфи аъзами калисои православии Русия директори кулли ОИБ "Россия сегондня"- Д.К.Киселёвро бо нишони Сергей Радонежский дараҷаи II сарфароз гардонид",- омадааст дар хабар.

Ордени Сергей Радонежский дараҷаи II ба рӯҳониён ва ходимони калисои православии Русия, инчунин дигар калисоҳо ва ашхосе, ки хидмати шоён кардаанд, эҳдо мешавад.

4
Барчаспҳо:
сарфароз, эҳдо, тақдим, ОИБ "Россия сегодня", усқуфи аъзам, калисои православии Русия, Кирилл, Киселёв, Данилов, Русия, Маскав