На скамье подсудимых. Архивное фото

Молики ”Ином” ба муҳлати ду моҳ ба ҳабси пешакӣ маҳкум шуд

8
(Таҷдидшуда 14:29 23.12.2014)
Яке аз саҳҳомони бозори “Ином”, воқеъ дар ноҳияи Шаҳритӯс, ба ду моҳи ҳабси пешакӣ маҳкум шуд. Ин саҳмдор дар қасди оташзании бозор муттаҳам мешавад.

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Бурҳон Абдуллоев, соҳибкори тоҷик, ки барои бозори "Ином"-и Шаҳритус бо Муҳибулло Саъдуллоев, додарарӯси президент кашмакаши додгоҳӣ дорад, ба муҳлати ду моҳ ба ҳабси пешакӣ маҳкум шуд, хабар медиҳад оҷонсии "Озодагон".

Бузургмеҳр Ёров, вакили хонаводагии Абдуллоев дар суҳбат бо оҷонсӣ  гуфтааст, зерҳимояи ӯ бидуни асос бо қарори додгоҳи вилояти Хатлон рӯзи 22 декабр ба ҳабси пешакӣ маҳкум шудааст. Ба гуфтаи Ёров, додгоҳ далели ба ҳабси пешакӣ гирифтани Бурҳон Абдуллоевро эҳтимоли халал расонидан ба раванди тафтишот ва таъсир ба шоҳидии шоҳидон арзёбӣ кардааст.

"Дар ин қарор омадааст, Абдуллоев ҳангоми дар озодӣ буданаш ҳаракати халалдоркунанда дар пешбурди парванда мумкин расонад, аниқ намегӯянд, ки расонад, мегӯянд, мумкин, ҳоло он ки додгоҳ набояд дар қарораш аз калимаҳои шубҳаовар истифода кунад. Бояд аз калимаҳои қотеъ истифода шавад. Боз омадааст, ки шояд ин одам аз мақомот ва додгоҳ дар раванди тафтишоти пешакӣ барои он ки алайҳи ӯ парвандаи ҷиноии дараҷаи миёна боз шудааст, пинҳон шавад. Боз гуфта шудааст, зерҳимояи метавонад ба шоҳидон таъсир расонад, дар ҳоле ки инҷо ягон шоҳид нест ва танҳо афроди бо бензин боздоштшуда қарор доранд. Шояд ин боздоштшудаҳо қасди дуздии бозор ва нест кардани нишонаҳои амалашонро доштанду акнун ки ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд, нафари дигарро туҳмат доранд", — гуфтааст Ёров.

Ҷаноби Ёров мегӯяд, онҳо аз ин қарори додгоҳи вилояти Хатлон ба Додгоҳи олӣ шикоят мебаранд. Вакили дифоъ дар шарҳи бедарак шудани зерҳимояи худ аз шаҳри Душанбе ва пайдо шуданаш дар Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон илова кард, Бурҳон Абдуллоев рӯзи 19 декабри соли равон аз сӯи Толиб Назаров, муовини сардори Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон ва яке аз кормандони фаврӣ-ҷустуҷӯии ин минтақа боздошт ва ба шаҳри Қурғонтеппа интиқол дода шудааст.

"Абдуллоев мегӯяд, ӯро Толиб Назаров ба дохили мошин даъват карда, баъди ворид шуданаш ба дохили мошин телефони ӯро аз дасташ гирифтааст. Баъдан ӯро ба Қӯрғонтеппа бурдааст. Назаров нагузоштааст, ки Абдуллоев ману завҷаашро, ки дар бинои Додгоҳи иқтисодӣ будем, огоҳ кунад ё ҳатто калиди мошинро монад", — афзудааст Ёров.

Хонаводаи Абдуллоев яке аз саҳҳомони бозори "Ином" дар ноҳияи Шаҳритӯс ба шумор мераванд, ки бо додарарӯси президент — Муҳибулло Саъдуллоев сари тақсимоти ин бозор баҳси додгоҳӣ доранд.

8
Барчаспҳо:
қасди сӯзиш, 2 моҳ, ҳабс, боздошт, бозори Ином, Бузургмеҳр Ёров, Муҳибулло Саъдуллоев, Бурҳон Абдуллоев, Қурғонтеппа, Шаҳритус, Тоҷикистон
Мавзуъ
Алайҳи раиси бозори “Ином” айб эълон шуд