Ниҳодҳои вижаи Тоҷикистону Қирғизистон 9 кг ҳероинро забт карданд

© Sputnik / Александр Алпаткин / Гузариш ба медиабонкМаҳвсозии маводди мухаддир. Акс аз бойгонӣ
Маҳвсозии маводди мухаддир. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Амалиёти муштараки ниҳодҳои вижаи ду кишвар натоиҷе дошт ва маъмурон се хонумро бо ҳероин боздошт карда дар манозили онҳо бозрасӣ анҷом доданд ва боз як махфигоҳеро бо мухаддирот ошкор карданд.

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Дар шаҳри Бишке дар ҷараёни амалиёти муштараки маъмурони зиддимухаддаротии Тоҷикистон ва Қирғизистон се хонум бо маводди мухаддир боздошт шуданд, хабар медиҳад ОНММ Тоҷикистон.

Аз боздоштшудагон, ки шаҳрвандони Қирғизистон ва Тоҷикистон буданд, 8 килограмм ҳероин ошкор ва забт шуд.

"Дар пайи идомаи умури таҳқиқотӣ бо истифода аз саги бӯйгир дар манзили яке аз боздоштшудагон дар шаҳри Исфара дар махфигоҳе беш аз як килограмм ҳероин ошкор ва забт шуд", — омадааст дар хабари Ожонси мубориза бо маводди мухаддири Тоҷикистон.

Бангдона - Sputnik Тоҷикистон
Дар Бадахшон ва Хатлон 14 кг маводди мухаддир забт шуд

Ду нафар аз боздоштшудагон, ба иттилоъи ОНММ, дар гузашта барои қочоқи маводди мухаддир зиндонӣ шуда буданд.

Гурӯҳи таҳқиқотӣ феълан мушшахас мекунанд, ки боздоштшудагон ба чӣ масире қасд доштанд ин маводди сахттаъсири мухаддиро қочоқ кунанд.

Лентаи хабарҳо
0