Гузаргоҳ. Акс аз бойгонӣ

Шаҳрдории Душанбе барои бозсозии ҷоддаҳо 1,3 млн сомонӣ масраф мекунад

1
Шаҳрдории пойтахти Тоҷикистон ба беҳбуди вазъи ҷоддаҳо ва гузаргоҳҳо дар Душанбе тавваҷӯҳ карда ва умури бозсозии онҳо бо истифода аз маболиғи озоди будҷаи шаҳр анҷом мешаванд.

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Барои бозсозии ҷоддаҳо ва беҳбуди вазъи гузаргоҳҳо шаҳрдории Душанбе қасд дорад 1,3 миллион сомонӣ (беш аз $200 ҳазор) масраф кунад, хабар медиҳад сомонаи шаҳрдорӣ.

Бозсозӣ, таъкид мешавад дар қарори Маҳмадсаид Убайдуллоев, бояд аз ҳисоби маболиғи озоди будҷа — маболиғе, ки ба куллия навоҳии пойтахт барои иҷрои нақшаи будҷаи соли 2014 ворид шудаанд, анҷом шавад.

Барои бозсозии ҷоддаҳо ва гузаргоҳҳо раҳбарияти ноҳияи Шоҳмансур 500 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Исмоъили Сомонӣ 130 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Сино 4,5 миллион сомонӣ ва ноҳияи Фирдавсӣ 8 миллион сомонӣ масраф мекунанд.

Ҳамзамон зикр мешавад, ки аз ҷалби тоҷирон ва ҷомеъа ба ин умур истиқбол мешавад.

1
Барчаспҳо:
ихтисоси маболиғ барои бозсозии ҷоддаҳо ва роҳгузарҳо, шаҳрдорӣ, Маҳмадсаид Убайдуллоев, Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ба Рӯзи пойтахт дар Душанбе 15 бино мавриди истифода қарор мегиранд
Душанбе дар феҳрасти беҳтарин шаҳрҳои ҷаҳон