Шаҳрдорӣ пешниҳод кард, ки рамзи “Ваҳдати миллӣ”-ро интихоб кунанд

Обуна шудан
Тарҳи панҷ муҷассамаи рамзи ваҳдати миллӣ барои баррасӣ дар сомонаи шаҳрдории пойтахти Тоҷикистон гузошта шудааст ва сокинон метавонанд то 30 апрел шарҳу пешниҳодоти худро ироъа кунанд.

ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Шаҳрдории пойтахт ба сокинон пешниҳод кардааст, ки барои сохтмони рамзи "Ваҳдати миллӣ" яке аз панҷ тарҳро интихоб кунанд, хабар медиҳад сомонаи шаҳрдорӣ.

Ин тарҳҳо дар сомонаи шаҳрдорӣ бо тавзеъоти нишонҳо ва андозаи сохтмони онҳо пешниҳод шудаанд. Сокинони шаҳр метавонанд шарҳу пешниҳодоти худро дар бахи "Суолот"-и сомона ироъа кунанд. Баррасӣ то 30 апрел идома меёбад.

Тарҳи "Авҷ" муҷассамаест бо баландии 112 метр ва дар масоҳати 24 гектар воқеъ мешавад. Дар пояи ин муҷассама қарор аст китоби электронӣ бо ҳаҷми 6,4 ба 14 метр насб шавад, ки дар он наворҳо дар бораи таърихи истиқлолияти кишвар пахш мешаванд.

Тарҳе бо номи "Нур" дар сурати пирӯзӣ дар қаламрави боғи "Дӯстии халқҳо"-и пойтахт бунёд мешавад. Интизор меравад, ки дар ин маҷмаъа айвони тамошо аз баландии 80 метр низ насб мешавад.

Маҷмаъаи "Соф" 97 метр баландӣ хоҳад дошт ва дорои китобхонаву толорҳо ва маҷлисгоҳҳо мешавад.

Баландии тарҳи "Тоҷ" низ 97 метр аст. Ақидаи аслии ин маҷмаъа ба Дарахти қадимии зиндагӣ марбут мебошад.

Тарҳи "Фар" низ мисли ду тарҳи қаблӣ баландӣ дорад. Дар ин ҷо низ насби айвони назоратӣ дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0