Фаввораҳои Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Миср ва Анҷумани кишварҳои арабӣ дар ҳамоиши Душанбе ширкат мекунанд

5
(Таҷдидшуда 09:46 26.05.2015)
Беш аз 70 кишвар бо нахуствазирон ва вузарои зирабт ва 50 созмонҳои байналмиллалӣ ва минтақавӣ дар ҳамоиш ширкат мекунанд.

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Миср ва Анҷумани кишварҳои арабӣ алаккай намояндагони худро ба ҳамоиши Душанбе барои натоиҷи даҳсолаи Байналмиллалии "Об барои ҳаёт" эъзом кардаанд, менависад хабаргузории "Ховар".

Ҳамоиши оби сатҳи баланд 9-11 июн баргузор мешавад.

Ҳай]ати Миссро дар ин ҳамоиш вазири захойири об ва обёрӣ Хусам Муназӣ раҳбарӣ мекунад, зикр кардааст хабаргузорӣ. Мудирияти Анҷумани кишварҳои арабиро мудири Маркази пажӯҳишии масоили об ва амнияти оби арабӣ Шуҳра Қасиа намояндагӣ мекунад.

Э. Рахмон на встрече с представителями ООН 9 февраля 2015 года
Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Дар ҳамин ҳол? Душанбе ба нахуствазири Покистон Навоз Шариф низ барои ширкат дар ин ҳамоиш даъватнома ирсол кардааст, менависад CA-News.

"Умедворам ки вай низ дар ин ҳамоиш ширкат мекунад", — гуфтааст сафири Тоҷикистон дар Покистон Шералӣ Ҷононов дар нишасти хабарӣ дар Исломобод.

То ҳол беш аз 70 кишвар бо нахуствазирон ва вузарои зирабт ва 50 созмонҳои байналмиллалӣ ва минтақавӣ ширкати худ дар ин ҳамоишро таъйид кардаанд.

Ин ҳамоишро раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва дабири кулли СММ Пан Ги Мун ифтитоҳ мекунанд.

5
Барчаспҳо:
ширкат ҳайъатҳои хориҷӣ дар ҳамоиши Душанбе, ҳукумати Тоҷикистон, Пан Ги Мун, Навоз Шариф, Хусам Муназӣ, Шуҳра Қасиа, Эмомалӣ Раҳмон, Миср, Анҷумани кишварҳои арабӣ, Покистон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Президенти ҶТ пешниҳод кард, ки як даҳсолаи дигари об эълон шавад
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар ҳамоиши об озими Куриё шуд
Пиряхҳои Тоҷикистон босуръат об шуда ва то 30% коҳиш ёфтаанд
Ду ширкати чинӣ омода ҳастанд кишоварзони Суғдро бо об таъмин кунанд