Як тоҷикистонӣ аз “Макдоналдс”1 миллион рубл ҷуброн мехоҳад

© Sputnik / Михаил Мокрушин / Гузариш ба медиабонкШабакаи тарабхонащои McDonald’s. Акс аз бойгонӣ
Шабакаи тарабхонащои McDonald’s. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи пойтахти Русия то як моҳи дигар даъвои як шаҳрванди Тоҷикистонро баррасӣ мекунад, ки аз намояндагии «Макдоналдс» дар Русия тақрибан як миллион рубли русӣ ҷуброни маънавӣ талаб дорад.

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Дилшод Бурҳонов, сокини 34-солаи ноҳияи Исфара моҳи сентябри соли 2014 дар назди дари яке аз ресторанҳои «Макдоналдс» дар маркази Маскав пояшро сахт маҷрӯҳ кард ва дар ин ҳодиса тарабхонаро гунаҳкор медонад, менависад Радиои Озодӣ.

Додгоҳи Маскав даъвои шаҳрванди Тоҷикистонро рӯзи 14-уми июл ба барасӣ мегирад ва Дилшод дар мурофиа худаш аз ҳуқуқи хеш ҳимоят мекунад.

Ӯ талаб дорад, ки «Макдоналдс» барои расонидани осеб ба сиҳатии ӯ, зери таъсири нурҳои рентгенӣ қарор гирифтан ва хатари сирояти бемориҳои сироятӣ 450 ҳазор рубл зарари моддӣ, 450 ҳазор рубл барои зарарӣ маънавӣ, 99 ҳазор рубл харҷи додгоҳ ва дар маҷмӯъ 999 ҳазору 999 рубл бипардозад.

"Моҳи сентябри соли 2014 дар назди даромадгоҳи ресторани "Макдоналдс" дар кӯчаи Матвеевскаяи шаҳри Маскав поям ба як оҳани баромада бархӯрда ва сахт зарб хӯрдаву варам кард, аммо кормандони ресторан ба муроҷиати ман дар бораи хатарнок будани оҳан барои мизоҷон ва бахусус кӯдакон эътибор надоданд ва барои муолиҷаи захми поям ҳам ёрии аввалияи тиббӣ нарасонданд".

Дилшод Бурҳонов аввал аз ширкати «Москва-Макдоналдс» хостааст, баҳсро бе додгоҳ ҳал кунад ва ба ӯ барои осеб дидани пояшу чанд рӯз дард кашидан ва рӯзҳои кориро гум кардан ҷуброн пардозад, аммо посухи манфӣ гирифтааст.

Ба додгоҳ кашидани тарабхона ва ё муассисаву корхонаҳо дар бисёре аз кишварҳо маъмулӣ аст, аммо даъвои додгоҳии шаҳрванди Тоҷикистон, алайҳи ширкати «Москва-Макдоналдс» ва талаби 1 миллион рубл (баробар ба 20 ҳазор доллар) бори аввал аст.  

 

Лентаи хабарҳо
0