Намои Бишкек. Акс аз бойгонӣ

Ҳамоиши аввалини бонувони фаъоли минтақа дар Бишкек

1
(Таҷдидшуда 07:43 21.08.2015)
Бонувони мусалмони фаъол машваратҳо ва пешниҳодоти худро барои муқобала бо ифротгароӣ ва пойин бурдани мизони маҳбубияти ақоиди ифротӣ миёни доираҳои осебпазири занон таҳия мекунанд.

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Нахустин ҳамоиши бонувони фаъоли мусалмони Осиёи Марказӣ дар Бишкек 20-21 август сурат мегирад, хабар медиҳад Ca-News.

Дар ин ҳамоиш ҳудуди 80 нафар, аз ҷумла даҳ нафарӣ аз Қазоқистон ва Тоҷикистон ширкат мекунанд. Ин ҳамоиш ба манзури муқобала бо ифротгароӣ тундгароӣ дар Қирғизистон ва дар маҷмӯъ дар ОМ баргузор мешавад.

Ба гуфтаи унвонҷӯйи Фарҳангистони ВКД сарҳанг Бакит Дубанаев, миёни боздоштшудагон ба иттиҳоми иртибот бо созмонҳои ифротӣ 23% занон мебошанд, яъне ҳар чаҳорум нафари боздоштшуда зан аст.

"Ин хеле нигаронкунанда аст. Далели ин амрро мо дар бесаводӣ дар масоили мазҳабӣ мебинем. Ҳангоми сӯҳбат бо боздоштшудагон мо дарк мекунем, ки бо онҳо сӯҳбат кардан душвор аст. Занони узви "Ҳизб-ут-Таҳрир" мӯътақиданд, ки ба Оллоҳ хидмат мекунанду ба масири илоҳӣ мераванд", — гуфт Дубанаев.

Дар ин ҳамоиш ширкаткунандагон қасд доранд машваратҳо ва пешниҳодот барои муқобала бо ифротгароӣ ва пойин бурдани мизони маҳбубияти ақоиди ифротӣ миёни доираҳои осебпазири занон таҳия кунанд.

Ҳамчунин гирдиҳамомадагон масоили нақши зан дар ислом, равобити байнимазҳабӣ дар Қирғизистон, далоил ва авомили мушорикати занон дар фаъолияти созмонҳои ифротгаро ва террористӣ, намуди зоҳирии мусалмонони муосир тибқи Қуръон ва Сунна, таҷрубаи кишварҳои ҳамсоя дар мавриди нақши зан дар мазҳабро баррасӣ мекунанд.

Ширкаткунандагон дар сададанд қатънома ва муроҷиъатнома ба мусалмонони Осиёи Марказиро тасвиб кунанд.

1
Барчаспҳо:
ҳамоиши бонувони фаъоли мусалмони Осиёи Марказӣ дар Бишкек, Бакит Дубанаев, Қирғизистон
Мавзуъ
Ҳамоиши байналмилалии ислом алайҳи ифротгароӣ ва терроризм дар Душанбе
Муфтии Тоҷикистон қатли зани афғонро муғойири аҳкоми ислом унвон кард
Раҳматилло Зойиров мухолифи истифода аз ислом дар сиёсат мебошад
Шӯрои уламо: аз Ислом сӯиистифода накунед
Обама гуфт, ИМА бо ислом ҷанг намекунад