Мӯйсафеде дар боғи Душанбе пули худро меҳисобад. Акс аз бойгонӣ

Вазорати молия: эҳтимол дорад афзоиши маош дар кишвар ба таъхир афтад

8
Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳоди вазорати молия барои иҷрои ваъдаи додаи афзоиши маош, ҳуқуқи бознишастагӣ ва идрорпулиро баррасӣ мекунад. Эҳтимол дорад замони иҷрои ин ваъда ба таъхир афтад.

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Вазорати молия ба ҳукумати Тоҷикистон чанд наҳваи афзоиши маоши кормандони будҷавӣ, ки қарор буд аз 1 сентябр боло бурда шавад, иръа кардааст, менависад хабаргузории «Авеста» бо истинод ба манбаъи худ дар ин ниҳод.

"Бо дарназардошти бӯҳрон дар иқтисод, мизони ҷамъоварии андозҳо ва ғанисозии бахши воридотии будҷа, ин мавзӯъ дубора аз сӯйи ҳукумат баррасӣ мешавад", — гуфтааст мусоҳиби хабаргузорӣ.

Ба гуфтаи вай ин омилҳо метавонанд ба таъхир афтодани иҷрои ваъдаи дар авохири моҳи июл додаи тими иқтисодии ҳукумати кишвар барои афзоиши маош, ҳуқуқи бознишастагӣ, идрорпулӣ ва кӯмакпулиҳо мунҷар шаванд.

«Тасмими ниҳоӣ дар ин масъала ҳанӯз гирифта нашудааст, вале чанд пешниҳод вуҷуд доранд. Аз ҷумла эҳтимол дорад ин афзоиш сурат мегирад, аммо на аз моҳи сентябр, балкт каме дертар", — хулоса кард мусоҳиби хабаргузорӣ.

Ёдовар мешавем, ки дар авохири моҳи июл муъовини аввали вазири молия Ҷамшед Каримзода ба хабарнигорон эълом кард, ки ҳудуди 300 миллион сомонӣ барои афзоиши маоши кормандони будҷавӣ, ҳуқуқи бознишастагӣ ва идрорпулиҳо аз 1 сентябри соли ҷорӣ дар назар гирифта шудаанд.

Ба гуфтаи вай пешбинӣ шудааст, ки маоши кормандони ниҳодҳои раҳбарикунандаи давлатӣ ва маъмурони ниҳодҳои интизомӣ 15%, кормандони арсаи маориф, тандурустӣ ва фарҳанг 20%, ҳуқуқи бознишастагӣ 25% афзоиш ёбанд. Агар мақомот қавли худро иҷро кунанд бештар аз дигарон донишҷӯён хушҳол мешаванд, зеро қарор аст идрорпулии онҳо 30% афзоиш биёбад.

8
Барчаспҳо:
таъхир дар афзоиши маоши корманди будҷавӣ, вазорати молия, Ҷамшед Каримзода, Тоҷикистон
Мавзуъ
Баҳси вазири молия бо мушовири собиқи Раҳмон додгоҳӣ шуд
“Asian Business Group” ғолиби тендери вазорати молия шуд
Вазорати молия: қарзи Тоҷикистон аз Чин беш аз $900 миллион аст