Ҳодисаҳои 10-17 феврали соли 1990 дар шаҳри Душанбе.

Таърихи истиқлолият: чӣ тавр Тоҷикистон истиқлолияти хешро ба даст овардааст

143
(Таҷдидшуда 13:46 09.09.2016)
25 сол қабл- 9-уми сентябри соли 1991 дар иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии ҷумҳурӣ қонун дар бораи эълон гардидани истиқлолияти давлатии кишвар қабул гардид. Ин дафъа Sputnik Тоҷикистон дар бораи қадамҳои аввалини он нақл мекунад.

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Чунин ба ҳисоб меравад, ки дар Тоҷикистон бори аввал дар бораи истиқлолият намояндагони насли ҷавони зиёӣ садо боло карданд. Онҳо дар солҳои 80-ум дар маҳфилҳо ва иттифоқҳои гуногун ҷамъ омада буанд.

Масъалаи асосие, ки дар он вақт ба вуҷуд омад ин масъалаи забон буд. Аллакай дар охирҳои моҳи феврал, аниқтараш 25-уми феврали соли 1989 бори аввал дар таърихи Тоҷикистон митинг ба амал омад. Иштирокдорони он талаб намуданд, ки ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад.

Ҳукумат, албатта аз авзои байни ҷавонон хело дар ташвиш буд. Барои ҳамин ба онҳо  майдонеро пешниҳод намуданд, ки дар он онҳо метавонистан фаъолона баромад намуда, муҳокима намояд, ақидаҳои хешро пешниҳод кунанд. Ба ҳамин тариқ ҳукумат авзои ҷавононро зери назорати худ гирифт.

Ҳамон вақт дар асоси Кумитаи марказӣ камсамол маҳфили муҳокимавии "Рӯ ба рӯ" ташкил карда шуд. Роҳбари он яке аз фаъолони комсамоли он вақта, ки ҳоло мушовири калони президент оид ба сиёсати хориҷӣ Зафар Саидов мебошад.

Ҳамин тавр исёни ҷавонон зери назарат гирифта шуд, маҳфил бошад дар тамоми ҷумҳурӣ фаъолияти худро паҳн намуд. Бо баробари он назди Донишгоҳи давлатӣ ҳаракати халқии  Ратохез ташкил карда шуд.

Ақидаҳои ин ҳаракат ба ғайр аз масъалаи забон "тасдиқи ҳақиқии мустақилияти Тоҷикистон дар чорчӯбаи Иттифоқи озод ва васеъ" буд.  Маҳз анаҳамин  ҳарчанд кӯчак буд, аммо аввалин фароштурук, аввалин қадам ба худшиносӣ ва истиқлолияти оянда буд.

Аммо, баъдан ба сари тоҷикон рӯзи сиёҳ- соли 1990 расид..

Аввали анҷом

Маъмулан,  ҳодисаҳои моҳи феврали соли 1990- ро аввали мухолифат, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ бурда расонид, мешуморанд. Сабабҳои ин ҳодисаҳо аслан сару садоҳо гардиданд. Дар Душанбе овозаҳо паҳн гардид, ки Тоҷикистон арманиҳои гуразаи зиёдро, ки пас аз заминларзаи сахт аз ватан фирор намуданд, ҷой додааст.

Мегуфтанд, ки ҳукумат қарор қабул кардааст, ки бе навбат ба онҳо хона диҳад.  Дар асл онҳо 47 нафар буданд ва касе аз онҳо то ҳол хона гирифта набуд.

Аммо ғазаби халқро паст карда натавонистанд, дар натиҷа 10-уми феврали соли 1990 гурӯҳи ҷавонон бо истилоҳ "торумори арманӣ" барпо намуданд. Рӯзи дигар бошад дар назди бинои КМ ҲКИШ митинг барпо намуданд ва иштирокчиёни он талаб карданд, ки арманиҳоро аз кишвар берун кунанд.

Дар пойтахт шитобкорона дастаҳои мудофиавӣ ташкил мешуданд, ҳама аз ҳама паноҳ мебурданд. Маълум набуд, ки душман кист. Он вақт тавонистанд, ки пеши носаросомониҳоро гиранд, аммо  дар се рӯз 20 нафар кушта шуд ва 600наф. ҷароҳат бардоштанд.

Барои ҳукумат оқибатҳои он садамаовар буд. Аъзоёни роҳбарияти ҶШС Тоҷикистон- котиби аввали КМ Ҳизби коммунистӣ Қаҳҳор Маҳкамов, роҳбари Шӯрои вазирон Изатулло Ҳаёев Раиси Раёсати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон Ғоибназар Паллаев истеъфо доданд, аммо пасон онро маҷлиси умумӣ(пленум) Кумитаи Ҳизби коммунистӣ қабул накард.

Ба даст овардани истиқлолият

Эъломияи  соҳибихтиёри 2 намуд буд. Якеашро ҳукумат тайёр намуда буд, дигарашро гурӯҳи мутахассисони ҳаракати "Растохез" тайёр карда буданд. Ҳар ду нусха ҳам аз нашр бароварда шуда, ба муҳокимаи омма гузошта шуда буданд. Соли 1990 бошад  онҳо дар Иҷлосияи Шӯрои Олии навбатӣ муҳокима карда шуданд.

Пешвои ҳаракати "Растохез" дар назди вакилон баромад намуда, намунаи эъломияи худро пешниҳод намуд. Ғояи асосии он ба таври зерин таҳия гардида буд: "Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд мебошад".

Аммо пешниҳоди вай қабул нагардид ва дар натиҷа ҷаласа ҳама якдилона эъломия дар бораи истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро қабул карданд.

Дар он эълон карда мешуд, ки "ҶШС Тоҷикистон дар ҳудуди худ ҳамаи масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣва фарҳангиро ҳал мекунад, ба ғайр аз он масъалаҳое, ки Тоҷикистон онро ихтиёран ба салоҳияи Иттиҳоди Шӯравӣ медиҳад".

Аммо дар ин эъломия қайд карда мешуд, ки Шӯрои Олии ҷумҳурӣ салоҳият дорад, ки амали ҳуҷҷатҳои Иттиҳоди Шӯравиро, ки ба қонун ва ҳуқуқҳои Тоҷикистон мухолиф бошад, қатъ гардонад.

Ғайр аз он дар он аввалин бор мафҳумҳои ҳокимияти қонунӣ, иҷрокунанда ва судӣ ҷорӣ карда шуда буд. Он ҳамчунин дар бораи баробар будани ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва оммавӣ сухан мекард.

Санаи 19-уми август дар бораи ташкил шудани Кумитаи давлатии ҳолатҳои фавқуллода(КДҲФ) эълон гардид, санаи 22 август бошад президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов ба халқ рӯй оварда гуфт: "Вазъи сиёсии дар кишвар ба амал омада тавозуни амиқ ва дурандеширо талаб мекунад, бояд тақозопазир буд… Мо чун пештара зарур мешуморем, ки ҳам  барои халқи кишвар ва ҳам барои ҷамъияти ҷаҳонӣ ҳифз намудани Иттиҳоди Шӯравӣ  зарур аст. Мехоҳем ба зуддӣ Шартномаи Иттиҳод ба имзо расад… "

Санаи 29-30 август дар Душанбе иҷлосияи ғайринавбатии парлумон ифтитоҳ гардид. Баробари он дар пойтахт барпо шудани митингҳо сар шуданд, ки иштирокдорони он истеъфои роҳбарияти кишвар ва эълон намудани истиқлолиятро  талаб мекарданд. Дар зери фишор Қаҳҳор Маҳкамов ба истеъфо рафт.

Мавҷи эътирозҳо он вақт на танҳо Тоҷикистонро дар бар гирифта буд, балки бисёре аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравиро аз худ карда буд. Он давлатҳо яке паси дигаре  аз узви Иттиҳод берун мешуданд ва эъломияи истиқлолияти худро қабул мекарданд.

Тоҷикистон қарор "Дар бораи истиқлолият"-ро санаи 9 сентябри соли 1991 бо таҳияи "Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад" қабул кард.

На бояд роҳ медод

Санаи 14-уми сентябр иҷрокунандаи вазифаи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Шӯрои Олӣ Қадриддин Аслонов, дар телевизион баромад намуда, эълон кард, ки "истиқлолияти эълонгардида таҷдиди назари ҳар яки моро дар масъалаи устуворгардонии баромадан аз бӯҳронро талаб мекунад. Мо бояд дарк кунем, ки ҳоло на танҳо як ҷумҳурӣ ҳастем, балки тамоми ҷаҳон моро назорат мекнад, ки чӣ гуна иқтисод, фарҳанг ва рӯҳияи миллии хешро рушд медиҳем. Ҳоло на бояд ба тақсимшавӣ ва парокандагӣ бо нишонаҳои ҳудудӣ, хешӣ ва миллӣ роҳ дод… Ҳоли кишвари хело ҷавони мо дар назди имтиҳони камолот қарор дорад. Мо агар ғаразҳои гурӯҳи ва афзалиятҳои маҳалгароиҳои худро як сӯ гузорем, онро пушти сар хоҳем кард…".

Аммо як сӯ гузоштани тамоюлҳои шӯҳратпарастӣ ва маҳалгароӣ дар амал татбиқ нашуд. Ҷомеа ба қисмҳо ҷудо гардид ва пас аз чанд моҳ Тоҷикистон мубталои ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Мувофиқи маълумотҳои расмӣ ҷанг ҳудуди 60 ҳзр нафарро ба коми хеш кашид, аммо шумораии аниқи онро касе намедонад.

 

 

143
Барчаспҳо:
Чӣ гуна Тоҷикистон истиқлолияти хешро ба даст овардааст, Қадриддин Аслонов, Қаҳҳор Маҳкамов, Тоҷикистон