Нашриёте, ки дар он сӯхтор сар зада, дар натиҷа 17 нафар қурбон шуда буданджар, в результате которого погибло 17 человек. Максимально возможное качество.

Раиси нашриёти Маскав ба оилаҳои қирғиз кӯмакпулӣ медиҳад

6
(Таҷдидшуда 19:20 09.09.2016)
Дар вақти сӯхтори анбори яке аз нашриётҳои Маскав 14 нафар шаҳвандони Қирғизистон ба ҳалокат расида, чанд нафари дигар ба бемиристон бистарӣ карда шуда буданд. Мувофоқи маълумотҳои ВКХ кишвар, ҳамаи фавтидагон- занони ҷавони аз 18-25 сола буданд.

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Наздикони шаҳрвандони Қирғизистон, ки  дар нашриёти Маскав  фавтидаанд ҷуброн мегиранд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Хадамоти давлатии муҳоҷирати Қирғизистон.

Ғайр аз ин раиси нашриёти Маскав ба ҳама ҷароҳатбардоштагони сӯхтӯр маошашонро таъмин менамояд.

Сӯхтор саҳарии 27-уми август дар бинои нашриёти "Печатный экспресс" дар шимоли Маскав сар зад. Дар он 17 нафар- 14 шаҳрванди Қирғизистон ва се нафар шаҳрвандони Русия қурбон гардиданд. Мувофиқи маълумоти ВКХ кишвар ҳамаи фавтидагон- занони ҷавони 18-25 сола буданд. Ба беморхонаи Маскав се нафар ҷабдрдидагон бурда шуданд.

"Бо ташаббуси Хадамоти муҳоҷирати назди сафорати Қирғизистон дар Федератсияи Русия муовини раиси хадамот Алмаз Асанбоев бо ҳимоягари раиси кулли нашриёти ҶСК "Печатный экспресс" Сергей Москвин вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ масъалаҳои пардох намудани ҷуброн ба оилаҳои фавтидагон, ҳамчунин додани маоши шаҳрвандони қирғиз, ки дар ин нашриёт кор мекарданд, муҳокима карда шуд",- хабар медиҳад хадамоти матбуот.

Мувофиқи маълумотҳои матбуот ҷониби Қирғизистон ба  роҳбарияти нашриёт як қатор талаботҳои худро изҳор намудааст: аз ҷумла додани маоши шаҳрвандони ҶҚ, ки дар нашриёт кор мекарданд, дида баромадани масъалаи расонидани кӯмаки моддии иловагӣ, вобаста ба он ки дар натиҷаи ин ҳолати фавқуллода онҳо бе ҷойи кор монаданд.

"Ҳимоячии Москвин хабар додааст, ки раиси нашриёт  тайёр аст ба оилаҳои қурбониёни сӯхтор ҷуброн кунад",-хабар доданд аз Хадамоти давлатии муҳоҷирати Қирғизистон. Ғайр аз ин пагоҳии рӯзи ҷумъа ба ҳамаи коргарони қирғизи   маош дода шуд."

© Sputnik Съемка очевидца, Анастасия Александрова
Навор аз сӯхтори калон дар Маскав ва тавзеҳоти наҷотдиҳандагон
6
Барчаспҳо:
Ҷубронпулии раиси нашриёт ба оилаҳои қирғиз, ҶСК "Печатный экспресс", Қирғизистон, Русия