Лоиҳаи қонун: ба ҳар як кӯдаки навзод 50 ҳазор сом пардохт шавад

© Sputnik / Леся Полякова / Гузариш ба медиабонкКӯдаки навзод. Акс аз бойгонӣ
Кӯдаки навзод. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Парлумони Қирғизистон пешниҳод дорад, ки барои волидони кӯдакони навзод дар давоми як сол кумакпулӣ пардохт карда шавад

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Вакилони Жогорку Кенеш пешниҳод доранд, барои волидони кӯдакони навзод дар дамоми як сол кумакпулӣ пардохт карда шавад, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи пардохти кумакпулӣ"  ба муҳокимаи оммавӣ пешниҳод шуд.

Сегоникҳо соҳиби манзили сеҳуҷрагӣ шуданд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Хонаи сеҳуҷрагӣ барои сегоникҳо, Кохи ақду никоҳ барои навхонадорон

Бино ба ташаббускори лоиҳаи қонун Достон Жумабеков, тибқи маълумоти соли 2013, ҳар 20 кӯдак аз ҳазор, ки дар қаламрави Қирғизистон ба дунё меоянд яксола нашуда, вафот мекунанд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки бо сабаби камбизоатӣ аксари модарон аз фарзандони худ даст мекашанд.

Дар баробари ин куштори навзодон аз ҷониби волидон низ ба қайд гирифта шудааст. Аксари модарон бошанд, барои ба даст овардани кӯмакпулӣ ба Русия рафта, фарзандони онҳо шаҳрванди Русия ҳисобида мешаванд.

"Агар мо имрӯз дар бораи дастгирии модарон фикр накунем, ояндаи Қирғизистон наонқадар хуш хоҳад шуд. Мушоҳида кардани нотавонии кишвар барои таъмини навзодон хеле ғамгинона аст",-омадааст дар ҳуҷҷат.

Лоиҳаи қонун пардохти кӯмакпулӣ барои волидони кӯдакони навзодро дар давоми як сол дар назар дорад. Аз 15 январи соли 2018 пардохти кумакпулӣ ба қадри 30 ҳазор сом (2 500 сом дар як моҳ) пешниҳод шуда, баъди ду сол то 50 ҳазор (4 166 сом дар як моҳ) расонида хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0