Директори Донишгоҳи миллии рушд Игор Шатров. Акс аз бойгонӣ

Нобаробарӣ: ҳашт нафари сарватманд бар зидди кулли башарият

223
(Таҷдидшуда 17:12 23.01.2017)
50-фисади бойгарии ҷаҳон дар дасти ҳашт нафар аст, мардуми боқимонда барои рӯзгор дар як рӯз 2 доллари амрикоӣ харҷ мекунанд

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Сиёсатшиноси рус Игор Шатров дар сӯҳбати радиоӣ бо Sputnik Молдова қайд кард, ки дар сурати пурзӯр шудани нобаробариҳои иҷтимоӣ дунёро оқибатҳои вазнин интизоранд.

Бино ба иттилои бунёди хайриявии Oxfam бойгарии ҳашт сарватманди ҷаҳон ба даромади умумии аҳолии ҷаҳон баробар шудааст.

"Ин нобаробарӣ дар истеҳсоли биржа, аксияҳо, вомбаргҳо ва фоизҳои он асос ёфтааст. Ва нафароне, ки ин аксияҳоро роҳбарӣ мекунанд, рӯз аз рӯз бойтар мешаванд",-изҳор дошт коршинос.

Ӯ бовар дорад, ки дар Русия низ чунин аст, вақте якчанд нафар тамоми бойгариро дар дасти худ мегиранд.

"Дер ё зуд, чунин ҳодиса метавонад ба таркиши иҷтимоӣ оварда расонад. Вале гап боз сари он аст, ки Русия дорои дигар омилҳоест, ки ин низомро метавонад бозмедорад",-хулоса кард Шатров.

223
Барчаспҳо:
бар зидди кулли башарият, ҳашт сарватмандон, Oxfam, Игор Шатров, Ҷаҳон
Мавзуъ
Барқ дар Тоҷикистон: бойҳо медузданд камбағалон пул месупоранд
Бо 250 ҳазор еврои Кокорин ва Мамаев дар ҶТ ва ФР чи харидан мумкин
Forbes: Батурина- зани аз ҳама сарватманд дар Русия