Баҳси Рамзан Қодиров дар бораи ҳиҷоб: оё маориф дигар мушкилӣ надорад, ҷуз рӯймол?

© Sputnik / Саид ЦарнаевРамзан Кадиров, акс аз бойгонӣ
Рамзан Кадиров, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Чечния изҳороти вазири маорифи Русияро дар бораи қонунӣ будани манъи пӯшидани ҳиҷоб барои муаллимон ва хонандагони мактабҳо танқид намуд

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik.Президенти Ҷумҳурии Чечния Рамзан Қадиров изҳороти вазири маорифи Русияро дар бораи пӯшидани ҳиҷоб дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи Русия баррасӣ кард, хабар медиҳад РИА Новости.

Сабаби ин баҳс талаботи ҳукумати Мордовия дар бораи манъи пӯшидани рӯймол барои муаллимон ва хонандагони мактабҳои қишлоқи тотории Белозоре гардид.

"Ман фикр намекунам, ки диндории ҳақиқӣ ба  воситаи либос бошад. Маорифи кишварӣ мо дунявист",- гуфт Василева.

Вазири маориф ёдовар намуд, ки соли 2016 Суди олии ФР манъи пӯшидани ҳиҷобро дар мактабҳои Мордова қонунӣ эълон намуд.

Онҳо дигар "проблема" надоранд?

Аммо президенти Чечния Рамзан Қодиров мегӯяд, ки бояд сиёсатмадорони кишвар дар сари дигар масъалаҳои муҳими давлатӣ андеша намоянд.

"Боварӣ дорам, ки мавзӯи рӯймол барои пинҳон намудани мушкилиҳои  дигари мактаб ба миён гузошта мешавад. Нашъамандӣ, шаробхорагӣ, ҷиноякорӣ, дастдарозии муаллимон ба номуси кӯдакон.. Ана ҳамин мушкилиҳои ҷиддӣ бояд барои онҳое, ки бо ҳиҷоб мубориза мебаранд, мавриди мубориза қарор гирад", — менависад Қодиров дар Instagram.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Алайҳи “иҷозатнома”-и ришу ҳиҷоб парванда боз шуд

Ба гуфтаи вай, ӯ ба ҳайрат омадааст, ки вазири маориф рӯймолро дар ҳоле, ки қисими муҳими либоси занони мусалмон ба ҳисоб меравад, як хусусияти динӣ номид.

"Ман аз он ҳайронам, ки вазир фикри шахсии худро ба сари миллионҳо шаҳрвандон бор мекунад",- гуфт Қодиров ва илова намуд, ки духтарони вай ҳам бо ҳиҷоб ба мактаб мераванд ва аз он даст кашидан намехоҳанд.

Қодиров ҳамчунин ёдовар кард, ки Сарқонуни Русия ба ҳамаи шаҳрвандони кишвар озодии диниро кафолат додааст.

Муфтии Чеяния гуфтаҳои президентро дастгирӣ намуд.

Муфтӣ Салоҳ Меҷиев манъ кардани ҳиҷобро поймол кардани ҳууқуқи инсон номид.

"Либоспӯшӣ дар ислом як қисми ҷудонашавандаи дин ба ҳисоб меравад. Мувофиқи Сарқонуни Русия,  поймол намудани ҳуқуқи инсон нисбат ба эътиқоди вай, қонуншиканӣ ба ҳисобӣ меравад",- мегӯяд вай.

Меҷиев гуфт, ки ҳуқуқи интихоби либос аз ҷониби мусулмонон набояд аз ҷониби намояндагони дигар динҳо таҳти баррасӣ қарор гирад.

Масъалаи пӯшидани ҳиҷоб дар мактабҳо на танҳо дар Русия мушкилӣ ҳосил кардааст, балки дар бисёре кишварҳои Аврупову Осиё дида мешавад.

Лентаи хабарҳо
0