Алишер Усмонов дар миёни сарватмандони Русия шашумин дониста шуд

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкАлишер Усмонов. Акс аз бойгонӣ
Алишер Усмонов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Милёрдери узбак Алишер Усмонов дар феҳристи "Forbes" аз сарватмандтарин афроди ҷаҳон дар мақоми 66-ум ҷой гирифт

ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Маҷаллаи "Forbes" феҳристи солонаи сарватмандтарин афроди ҷаҳонро мунташир кард ки дар миёни онҳо номи милёрдери узбактабори аҳли Русия Алишер Усмонов низ оварда шудааст.

Бино бар ин феҳрист, вай дар миёни сарватмандтарин афроди Русия шашум нафар ва дар миёни сарватмандони ҷаҳон шасту шашум нафар аст. Сарвати Усмоновро 15,2 милёрд дулор баровард кардаанд.

Алишер Усмонов бунёдгузори ширкати "USM Holdings" аст. Ширкати расонаии "Bloomberg" ӯро дар марти соли 2012 сарватмандтарин коркушои Русия ном бурда ва сарваташро 20 милёрд дулор арзёбӣ карда буд.

Алишер Усмонов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Алишер Усмонов ба Фабио Капелло надодани маошашро шармандагӣ номид

Дар оғози соли 2017 раисҷумҳури Русия Владимир Путин ӯро аз барои саҳми бузург дар умури хайрия ва иҷтимоъӣ бо нишони "Барои накӯкорӣ" сарфароз кард.

Дар феҳристи сарватмандтарин афроди ҷаҳон имсол низ бунёдгузори ширкати "Microsoft" Билл Гейтс садрнишин шуд. Дар ин ҷадвал пас аз вай сармоягузори номдор Уоррен Баффет ва бунёдгузори ширкати "Amazon" Ҷефф Безос омадаанд.

Бино бар феҳристи нашрияи "Forbes", сарватмандтарин фарди Русия Леонид Михелсон аст. Ӯ дар миёни сарватмандони ҷаҳон мақоми 44-умро дорад.

Лентаи хабарҳо
0