Схватка борцов-инвалидов

Варзишгарони тоҷик барои “Харгӯши тиллоӣ” мубориза мебаранд

1
(Таҷдидшуда 20:04 11.02.2016)
Ду варзишгари ҷоизадори имконияташон маҳдуд аз Тоҷикистон дар Маскав барои ба даст овардани унвони қаҳрамонӣ сабқат хоҳанд кард. Мусобиқа аз рӯи чор намуд баргузор мешавад.

 

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Варзишгарони тоҷик  рӯзҳои 22 ва 23-юми ноябр дар 16-умин мусобиқоти байналмилалӣ оид ба армспорт, бодибилдинг, вазнбардорӣ ва дартс (нишонзанӣ) – “Харгӯши тиллоӣ”  дар шаҳри Маскав ширкат меварзанд, иттилоъ медиҳад сомонаи расмии КМО-и Тоҷикистон.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки ширкатдорони он варзишкорони дорои имконияти маҳдуд мебошанд, Тоҷикистонро Акмал Қодиров, қаҳрамони ҷаҳон-2014 ва Аҳлиддин Ҳасанов, қаҳрамони Осиё-2013, дар сабқати армрестлинг  намояндагӣ мекунанд. Мусобиқа байни мардону занон бо дасти чап ва рост баргузор мешавад. 

Ба иттилои манбаъ, Акмал Қодиров дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба армспорт, ки рӯзҳои 7-12 октябри соли равон дар шаҳри Путски Лаҳистон баргузор шуд, дар вазни беш аз 90 кило бо дасти рост мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз гашта буд. Вай дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Юсуф Юсуфалиев аз Русия дастболо шуд. Дар ин сабқати ҷаҳонӣ 78 варзишгари маълул аз 14 кишвари ҷаҳон ширкат дошт.

 

1
Барчаспҳо:
имконияташон маҳдуд, бодибилдинг, дартс, Тоҷикистон, армспорт, сабқат, Маскав, Харгӯши тиллоӣ