Нуриддин Давронов беҳтарин бозигари футболи Тоҷикистон эълом шуд

© Официальный сайт ФК "Истиклол" Рамазон Ҳамро Раҳимзода, вазири умури дохилаи ҶТ ба Нуриддин Давронов, бозигари тими "Истиқлол" ҷоизаи "Беҳтарин бозигари соли 2014"-ро тақдим кард""
Рамазон Ҳамро Раҳимзода, вазири умури дохилаи ҶТ ба Нуриддин Давронов, бозигари тими Истиқлол ҷоизаи Беҳтарин бозигари соли 2014-ро тақдим кард - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рамазон Ҳамро Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳ ба ин муносибат ҷойизаи “Беҳтарин бозингари соли 2014”-ро ба Давронов тақдим кард.

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Беҳтарин бозигари соли 2014 дар Тоҷикистон Нуриддин Давронов,  нимҳимоятгари "Истиқлол"-и Душанбе, ҳамзамон бозигари тими мунтахаби кишвар эълом гардид, иттилоъ медиҳад сомонаи ФФТ.

Федератсияи футболи Тоҷикистон дар як маросими ботантана, ки рӯзи 5-уми декабр дар шаҳри Душанбе, дар Маҷмааи давлатии "Кохи Ваҳдат", доир шуд, беҳтаринҳои мавсими футболи соли 2014-ро бо ҷоизаҳо сарфароз кард.

Мубин Эргашев, сармураббии "Истиқлол", беҳтарин мураббии сол эътироф гардида, унвони дарвозабони беҳтаринро  Алишер Тӯйчиев («Истиқлол») соҳиб шуд. Инчунин,  Идибек Ҳабибуллоев («Хайр») беҳтарин ҳимоятгар ва Фатҳулло Фатҳуллоев ("Истиқлол") нимҳимоятгари беҳтарин эълом шуданд. Дар ин сол Дилшод Восиев («Истиқлол») бо унвони "Нишонзани беҳтарин" (дар маҷмӯъ 15 гол) эътироф шуда, Хуршед Дадобоев (Хуҷанд) "Довари беҳтарин" эълом гардид.

 Дар ин маросим ба тими "Истиқлол"-и Душанбе, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии кишвар байни дастаҳои лигаи олӣ барои бори сеюм ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф гашт, медалҳои тилло супурда шуд. Дастаи "Хайр"-и Ваҳдат барои ҷойи дувум бо медалҳои нуқра ва тими «Далерон-Ӯротеппа»-Истаравшан барои ҷойи севум бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Лентаи хабарҳо
0