Презентация логотипа ЧМ-2018 по футболу. Архивное фото

Рӯзҳои баргузории Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Русия муайян шуд

11
(Таҷдидшуда 08:33 23.12.2014)
Федератсиюни байналмилалии футбол (ФИФА) санаи баргузории Ҷоми ҷаҳонии футболро, ки соли 2018 дар Русия баргузор мешавад, эълон кард.

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Федератсиюни байналмилалии футбол (ФИФА) эълон кард, ки Ҷоми ҷаҳонӣ аз 14-уми июн то 15-юили соли 2018 дар Русия баргузор мешавад, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Ба ҷуз ин, санаи баргузории мусобиқаи анъанавии Ҷоми Конфедератсиюн, ки як сол пеш аз Ҷоми ҷаҳонии футбол барпо мегардад, эълон гардид. Беҳтарин дастаҳои мунтахаби қитъаҳо, мунтахаби Олмон — қарамони феълии ҷаҳон, инчунин мунтахаби Русия — мизбони сабқат, барандаи нави Ҷоми Конфедератсиюнро, ки аз 17-уми июн то 2-юми июли соли 2017 доир хоҳад шуд, муайян мекунанд.

Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 дар 11 шаҳри Русия-Маскав, Калининград, Санкт-Петербург, Волгоград, Қазон, Нижний Новгород, Самара, Саранск, Ростови соҳили Дон, Сочи ва Екатеринбург — баргузор мешавад. Бозиҳои Ҷоми Конфедератсиюн бошад, дар чаҳор шаҳри Русия: Маскав, Санкт-Петербург, Сочи ва Қазон барпо мегардад.

Дар ҳамин ҳол варзишгоҳҳои амалкунандаи футбол дар ду шаҳр — Маскав («Открытие-Арена» — варзишгоҳи «Спартак") ва Қазон («Казань-Арена», ки дар он дастаи «Рубин» бозиҳои хонагиашро мегузаронад) мавҷуданд.

11
Барчаспҳо:
Русия
Мавзуъ
Рақибони мунтахаби ҷавонони ҶТ оид ба футбол маълум шуданд