Кумитаи олимпӣ даҳ варзишгари беҳтарини солро қадр кард

© Sputnik / Амир ИсаевМаросими эътои ҷоизаҳо ба варзишгарони беҳтарини соли 2014 дар КМО-и ҶТ
Маросими эътои ҷоизаҳо ба варзишгарони беҳтарини соли 2014 дар КМО-и ҶТ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин варзишгарон бо ҷоизаҳои молӣ ва дипломҳо қадр шуданд. Барои варзишгарони тоҷик бузургтарин мусобиқоти имсола Бозиҳои 17-уми осиёӣ маҳсуб мешаванд, ки аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр баргузор шуданд.

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба 10 нафар аз варзишгари беҳтарини соли 2014 қадр кард, хабар медиҳад сомонаи кумита.

10 нафар аз варзишгарони беҳтарини Тоҷикистон дар соли ҷорӣ инҳоянд: Дилшод Назаров, гурзпарто, Зелимхон Юсупов, гуштии озод, Фарҳод Неъматов, Алишер Гулов ва Моҳрӯ Ҳалимова — ҳар се оид ба таэквандо ВТФ, Комроншоҳи Устопириён, дзюдо, Хушқадам Хусравов ва Акмалиддин Каримов — ҳар ду оид ба самбо, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, гуштии кураш ва Акмал Қодиров, армрестлинг, байни варзишгарони маъюб.

Ин варзишгарон бо ҷоизаҳои молӣ ва дипломҳо қадр шуданд. Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпӣ гуфт, барои варзишгарони тоҷик бузургтарин мусобиқоти имсола Бозиҳои 17-уми осиёӣ маҳсуб мешаванд, ки аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр баргузор шуданд.

"Дар ин мусобиқа 90 варзиашгари тоҷик аз рӯйи 16 намуди варзиш ширкат карда, 5 медал; 1 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст овардаанд", — гуфт Раҷабалиев.

Аз миёни ин варзишгарон Дилшод Назаров дар гурзандозӣ дар сабқати мардон бо натиҷаи 77 метру 82 сантиметр мақоми аввалро касб карда, соҳиби медали тилло шуд.

Мудири кулли Кумитаи олимпӣ мегӯяд, варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ дар соли 2015 ширкат хоҳанд кард ва барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳоии 31-уми тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия, ки соли 2016 баргузор хоҳанд шуд, мубориза мебаранд.

Кумита ба 15 нафар варзишгари тоҷик барои омодагӣ ба бозиҳои олимпӣ идрорпулӣ ҷудо кардааст. Миёни ин варзишгарон Дилшод Назаров, Мавзуна Чориева, Анвар Юнусов, Зелимхон Юсупов, Комроншоҳ Устопириён, Искандари Рустам, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, Алишер Гулов, Фарҳод Неъматов, Моҳрӯ Ҳилимова ва дигарон ҳастанд. 

Лентаи хабарҳо
0