Тими футзали Истиқлол

“Истиқлол” бо “Элверсберг” ва “Шахтёр” рақобат мекунад

7
(Таҷдидшуда 09:36 06.02.2015)
Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон, барои баргузории ҷамъомади таълимиву тамринӣ ба шаҳри Анталияи Туркия расид.

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Бошгоҳи футболи "Истиқлол"  ҷамъомади таълимиву тамринии дастаро таҳти раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев то рӯзи 17-уми феврал идома медиҳад, менависад сомонаи ФФТ.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи омодагиҳо ба мавсими нави футбол дар Тоҷикистон ва Ҷоми КФО (Конфедератсиони футболи Осиё)-2015 "Истиқлол" дар Анталия бо бошгоҳҳои хориҷӣ якчанд бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.

"Тимҳои Элверсберг аз дивизиони сеюми Бундеслигаи Олмон ва "Шахтёр" Донетски Украина ҳарифони "Истиқлол" дар бозиҳои санҷишӣ хоҳанд буд",- омадааст дар хабар.

Ёдовар мешавем, ки "Истиқлол" дар Ҷоми КФО-2015 дар гурӯҳи "С" бо тимҳои "Ал-Қодсия"-и Кувайт, барандаи феълии Ҷоми КФО, "Эрбил"-и Ироқ, финалисти мусобиқаи охирини Ҷоми КФО ва ғолиби плей-офф (Умон, Туркманистон ва Қирғизистон) рақобат хоҳад кард.

Бозиҳои гурӯҳи "С" аз 25-уми феврал то 13-уми май баргузор мешаванд. Аввалин бозии "Истиқлол" бо "Эрбил" 25-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо мегардад.

7
Барчаспҳо:
рақобат, футбол, Шахтёр, Элверсберг, Истиқлол, Мубин Эргашев, Анталия, Олмон, Туркия, Украина, Тоҷикистон