Сабқати мини-футбол дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Ғалаба

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкФутбол. Мусобиқаи мунтахаби ЕВРО-2012. Бозии Русия - Андорра
Футбол. Мусобиқаи мунтахаби ЕВРО-2012. Бозии Русия - Андорра - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тайи ду ҳафтаи оянда дар майдонҳои сунъӣ 23 тим барои ба даст овардани унвони ғолиби мусобиқаи мини-футбол рақобат мекунанд, барандагони он бошад рӯзи 30-юми май маълум мешаванд.

ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Ин мусобиқа, ки ба ифтихори таҷлилили Рӯзи Ғалаба баргузор мешавад, рӯзи 16-май дар Душанбе шурӯъ хоҳад шуд, менависад сайти Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар майдонҳои сунъии Варзишгоҳи марказӣ 23 тим барои ба даст овардани унвони ғолиби мусобиқаи мини-футбол рақобат мекунанд, барандагони он бошад рӯзи 30-юми май маълум мешаванд.

Дастаҳо дар даври аввал ба чор гурӯҳ тақсим шуда, барои баромадан ба қисмати 1/4 ниҳоӣ сабқат мекунанд. Пас аз он, тибқи низоми олимпӣ бозиҳои боқимонда идома меёбанд.

Бозӣ барои ҷои саввум рӯзи 30-май сурат мегирад.

Лентаи хабарҳо
0