Дилшод Назаров. Акс аз бойгонӣ

Дилшод Назаров аввалин роҳхати Олимпиадаи 2016-ро соҳиб шуд

13
(Таҷдидшуда 11:14 26.05.2015)
Дилшод Назаров, гурзпартои маъруфи тоҷик аз миёни варзишгарони кишвар аввалин шуда, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия гардид.

ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Дилшод Назаров, варзишгари тоҷик аз байни варзишгарони Тоҷикистон аввалин шуда соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия гардид, менависад сомонаи Кумитаи олимпии Тоҷикистон.

Вай дар мусобиқаи анъанавии ҷаҳонии силсилаи Гран-При "Оstrava golden spike" оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79,36 метр мақоми дувумро касб кард.

Ин натиҷа ба вай имкон медиҳад, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, ки рӯзҳои 22-30 августи соли равон дар Пекин (Чин) баргузор мешавад ва дар Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейро (Бразилия) ширкат варзад.

Дар мусобиқаи ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Чех Павел Файдек аз Лаҳистон бо натиҷаи 80,75 метр ғолиб шуд. Кристиан Парс аз Маҷористон бо натиҷаи 77,71 метр мақоми севумро касб кард.

Дилшод Назаров ба мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки рӯзҳои 3-7 июн дар шаҳри Ухани Чин баргузор мешавад, омодагӣ мебинад.

Олимпиадаи соли 2016 барои ин варзишгари тоҷик чаҳорумин Бозиҳои олимпӣ хоҳад шуд. Вай аввалин бор соли 2004 дар Бозиҳои олимпии Афина (Юнон) ширкат варзидааст. Ӯ дар Олимпиадаи соли 2008 дар Пекин ҷойи 11-ум ва дар Олимпиадаи соли 2012 дар Лондон ҷойи 10-умро касб карда буд.

13
Барчаспҳо:
қаҳрамон, иштирок, гурзпарто, нахустин роҳхат, "Оstrava golden spike", Бозиҳои олимпӣ-2016, Дилшод Назаров, Бразилия, Тоҷикистон