ФИФА: мақоми 158-уми Тоҷикистон бо 155 имтиёз

© Официальная страница ФФТ в FacebookТими миллии футболи Тоыикистон
Тими миллии футболи Тоыикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон дар рейтинг ё раддабандии нави ФИФА бо 155 имтиёз мисли пешин дар мақоми 158-ум қарор дорад.

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА (Федератсияи байнулмилалии футбол) бо 155 имтиёз дар байни 209 тими миллӣ мисли пештара дар мақоми 158-ум қарор дорад, омадааст дар хабари нашршуда дар сомонаи ФФТ.

Ҳамин тавр, мавқеъи мунтахаби Тоҷикистон дар байни 46 дастаи миллии кишварҳои Осиё тағйир наёфта, ҳоло ҳам дар зинаи 29-ум ҷойгир аст, аммо миёни 15 дастаи яккачини кишварҳои пасошӯравӣ Тоҷикистон дар зинаи охирин мебошад.

Дар феҳристи нави ФИФА мунтахаби Аргентина бо 1442 имтиёз дар ҷойи аввал, дастаи миллии футболи Белгия бо1269 хол дар ҷойи дуввум ва мунтахаби Олмон бо 1248 имтиёз дар ҷойи севвум қарор доранд.

Ба қатори даҳ мунтахаби беҳтарини ҷаҳон, инчунин Колумбия, Бразилия, Португалия, Руминия, Чили, Уэлс ва Англия низ шомил мебошанд.

Маврид ба ёдоварист, ки раддабандии ФИФА аз соли 1993 ба ин сӯ идома ёфта, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 мебошад.  

 

 

Лентаи хабарҳо
0