Лаҳзае аз тамрини тимҳои Истиқлол ва Хуҷанд

ФФТ: “Хуҷанд” ба сабқати гуруҳии Ҷоми КФО-2016 роҳ наёфт

5
(Таҷдидшуда 11:50 10.02.2016)
Ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии кишвар, дастаи "Хуҷанд"- и шаҳри Хуҷанд дар рақобат бо дастаи Фаластин барои дарёфти роҳхат дар сабқати гуруҳии ҷоми футболи Осиё шикаст хӯрд. Як тӯби ба дарвозаи хуҷандиҳо воридшуда тақдири мусобиқаро ҳал кард.

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Дастаи "Хуҷанд"-и Хуҷанд аз тими фаластинии "Аҳлӣ Ал-Халил"   мағлуб шуда, аз ҳаққи ширкат дар сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC-2016 маҳрум шуд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ФФТ.

"Ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон  дар бозии плей-оффи Ҷоми КФО- 2016 (AFC-2016)  дар варзишгоҳи "Дура" аз бошгоҳи фаластинии "Аҳлӣ Ал-Халил"  бо ҳисоби 0:1 мағлуб гашт",- омадааст дар хабар.

Ин бозӣ шаби сешанбеи гузашта  дар шаҳри Ҳеврон баргузор шуд, голи ягона ва ҳалкунандаро Маҳмуд Вадӣ дар дақиқаи 22-юм ба нишон  расонд.

Ҳамин тавр, тими "Аҳлӣ- Ал- Халилӣ" соҳиби роҳхат ва дастаи "Хуҷанд" аз ҳаққи ширкат дар сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC-2016 маҳрум шуд.

Дастаҳои дигари Осиёи Марказӣ- "Алай"-и ҷумҳурии Қирғизистон ва "Балкан"-и Туркманистон низ ба сабқати гуруҳӣ роҳ наёфтанд.

Қаҳрамони Қирғизистон дар Лубнон бозиро бо тими маҳаллии "Триполӣ" бохт. Вақти асосӣ бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом ёфта, аммо аснои задани силсилатӯбҳои ҷаримавии ёздаҳметра (пеналтӣ) бартарӣ ба нафъи соҳибони майдон буд. Бозӣ бо ҳисоби 7:6 анҷом ёфт.

Дастаи "Балкан"-и Туркманистон дар рақобат бо "Ал-Ваҳда"-и Сурия бо натиҷаи 0:2 мағлуб гашт.

5
Барчаспҳо:
футбол, мағлубият, нокомии футболбозони тоҷик, сабқати гуруҳӣ, шикасти дастаи "Хуҷанд", Ҷоми КФО-2015, варзишгоҳи "Дура", дастаи «Аҳлӣ-Ал Халилӣ»-и Фаластин, тими “Хуҷанд”- Хуҷанд, Маҳмуд Вадӣ, Хуҷанд, Тоҷикистон, Ҳеврон, Фаластин